Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Баъд мефаҳмӣ! Хайр!
Саид эътироз карданӣ буд, ки садои кўтоҳ-кўтоҳи телефон ба гўш расид. Вай муддате хаёломез гўшакро дар дасташ нигоҳ дошта баъд ба ҷояш гузошт. «Лаънатӣ! Аз бало халосӣ ҳасту аз вай не. Наташаро ҳам ба дами нафасаш кашиданӣ ин аждаҳо».
Вай омада ба лаби кат амонат нишаст. Хоб аз дидагонаш парида буд. Чӣ кор карданашро намедонист. Ба ин тараф, он тарафи хона қадам зада фикр мекард, чӣ чора ҷўяд, ки аз ин мараз халос шавад. Набошад ё нобудам мекунад ё тамоми умрам дар ҳабсхона мегузарад.
Саид ба қарори қатъӣ наомада бидуни ихтиёр пиджакашро аз болои курсӣ гирифта ба китфаш партофту кўча баромад.
Атроф торик ва ваҳмангез буд. Ҷо-ҷо чароғҳои электр, ки дар симчўбҳои ду тарафи роҳ овезон буданд, роҳро мунаввар месохтанд. Вай роҳ мерафту намедонист, ки куҷо меравад. Чанд кўчаю пасткўчаи тангро гузашта ба роҳи калон баромад. Як вақт худро назди бинои «Шўъбаи корҳои дохилӣ» дид. Истода аввал ба пасу пеш бодиққат назар андохт. Боварӣ ҳосил кард, ки касе думболагираш накардааст, боҷуръат як қадам пеш гузошта, баъд якбора истод. Чапғалат дода пас гашт. Шитобон ба қаҳвахонае, ки дар чорраҳа воқеъ буд, даромад. Дар остона рост истода ба мизу курсиҳо чашм давонд. Касе аз шиносҳояш набуд. Охиста дар паси яке аз мизҳои охири зал ҷой гирифт.
Интизорӣ тўл накашид. Духтараки қоматбаланди малламўй, ки чашмони осмониранг ва нигоҳи ширин дошт, наздаш ҳозир шуд:
– Салом, Саидҷон! Хуш омадед!
Саид бо димоғи гирифта ҷавоби салом дод.
– Чӣ мехўред?
– Аз ҳаррўзааш...
– Менўшед?
– Ҳа, нимта сафед!
– Хуб. Ҳозир.
Фурсате нагузашта чизҳои фармудаи Саид болои миз пайдо шуданд.
– Ошуфтаҳол менамоӣ, Саид? Ба ту чӣ шуд? – пурсид охиста пешхизмат.
– Ҳеҷ гап не, – сар набардошта ҷавоб дод Саид. Маълум буд, ки ў майли гуфтугў надорад.

пешина
аз 315
навбатӣ