ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Фаромўш кардӣ магар? Ба хонаи Сорокин рафтанро кӣ таклиф карда буд?
– Ман, – бо ҳарос чавоб дод Саид.
– Ин тавр бошад, чаро ба милитсия рафтӣ?
– Масъалаи куштани вай дар нақшаи мо набуд-ку, – эътироз баён карданӣ шуд вай.
– Ҳа, мо дар ин бора маслиҳат накарда будем. Лекин худат дидӣ-ку, масъала ранги дигар гирифт. Сорокин моро дид. Агар намекуштем, ҳоло ману ту ҳо дар он ҷо, дар паси панҷараи оҳанин будем. Ғайр аз ин, ба ту кӣ супориш дод, ки ҳамроҳи Наташа бори дуюм ба хонаи вай равӣ. Дар нақшаамон ин чиз ҳам набуд-ку.
Саид аз он ки мард бори дуюм рафтани онҳоро медонистааст, як қад парид.
– Гап зан! Чаро ях карда мондӣ?
– Наташа ҷои ҳамон чизии мекофтагии шуморо медонистааст. Ёфта гирифтем. Ана, вай дар он ҷо, – Саид ба қуттичаи чоркунҷаи бо чарми сиёҳ рўйкашкарда, ки болои рафи китобҳои ҷевон меистод, ишора кард.
Мард ба он тараф нигоҳ ҳам накард.
– Бе маслиҳати ман ин корро барои чӣ кардӣ? – гуфта ба гўши Саид кашидаву кушода чунон зад, ки вай ба фарш афтод.
Мард аз гиребони Саид дошта ўро боз ба по хезонд ва мушташро ба таги манаҳи вай қумғон карда пурсид:
– Акнун ҷавоб деҳ. Чаро ба милитсия рафтӣ?
Мард ўро ба девор ҷафс намуда буғӣ кард.
– Сар деҳ... мегўям! – хиррос зад Саид.
Мард ўро сар дод. Саид оҳиста даст ба киса бурд. Оҳистаоҳиста ба гап даромад.
– Дар он ҷо... Наташа маро мунтазир мешуд. Рафтам, то ки огоҳ кунам, дигар ба хона наояд. – Чизе дар кисаи Саид чириқӣ кард. Вай ба тезӣ аз кисааш кордро бароварда ба мард ҳамла кард. Тираш хок хўрд. Бори дуюм ҳамла кард. Ин дафъа мард ба пои чап бо дасти рости Саид чунон зад, ки корд раҳо хўрда бо ҳамон шаст дар тани дар дармонд. Акнун онҳо ҳамдигарро муштборон мекарданд.
Саид ба ҳуҷумҳои навбатии рақибаш тоб наоварда аз пой афтод. Маҷоли ҷумбидан надошт. Мард бо вуҷуди ин ўро лағадборон мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё