ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ниҳоят аз задан бозистода болои сари Саид хам шуд ва аз қабзаи мўи сараш гирифта сарашро бардошту боз сар дод.
– Ман ба ту тирмизак нишон медиҳам зўрия, – гўён либосҳои Саидро аз танаш бадар карда ба тартиб болои миз гузошт.
Баъд Саиди аз ҳуш рафтаро кашола карда ба хона даровард.
Як сатил обро гирифта болои плитаи газ гузошт.
Анҷомҳои паҳну парешоншударо ҷо ба ҷо кард. Дар охир ба ҷевон наздик шуда қуттичаеро, ки Саид ҷои онро нишон дода буд, ба даст гирифт. Онро кушода аз дохилаш ким-чӣ хел ороиши занонаро, ки ба қунғузаки сиёҳ монандие дошту ба занҷири дарози тиллогин пайваст буд, берун овард.
– Ҳа, ҷонвар, кирои ҷонкоҳонӣ мекардааст! – Инро гуфта ороишро боз ба қуттӣ ҷой кард ва ба ҷайб андохт.
Ба ошхона омад. Оби сатил ноҷўш буд. Сатилро гирифта, ба ваннахона даромад. Саид ҳанўз даруни ванна беҳаракат мехобид.
– Мукофоти амали ту, сагбача, ана ҳамин! – гўён оби нимҷўшро аз сари Саид рехт.
Саид бо тамоми овоз дод заданӣ шуд, вале овозаш набаромад. Дар талвосаи ҷон дасту почак зада, хестанӣ мешуд, вале наметавонист.
– Ана, ҳамин хел. Ту саг барин ҷон медиҳӣ. Мо бошем, боз давр меронем. Чао! – мард дари ташнобро сахт пўшида шитобон аз хона берун шуд.
Ба маҷлисгоҳи шўъбаи корҳои дохилӣ қариб ҳамаи сокинони биное, ки марҳум Сорокин Иван Сергеевич зиндагӣ мекард, даъват шуданд. Инспектор Саттор Хушвахтов ҷамъомадагонро аз назар гузаронда, дар байнашон Наташа Сергееваро надид. «Хабардор карда будам-ку. Чаро нест?» Ба соаташ нигарист. «Ҳоло даҳ дақиқа вақт ҳаст, мебиёяд албатта».
Ба назди бинои шўъба мошини сабукрави «ГАЗ-24» омада истод. Аз он ду мард – яке қоматбаланди қоқина, дигарӣ миёнақади фарбеҳ берун шуданд. Саттор ба пешвози онҳо бархоста, ба таври ниизомӣ даст ба чакка бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё