Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Рафиқ прокурор! Истиқоматкунандагони бино ғайр аз Наташа Сергеева ҳама ҳозиранд.
– Бисёр хуб. Сардоратон ҳамин ҷост?
– Бале. Дар кабинеташ шуморо интизор.
... Аз байн боз ним соат гузашт. Вале аз Наташа дараке набуд.
Саттор хавотир кашид. «Ин духтараки беқарор боз пеши кадом ошнояш рафта бошад», аз дил гузаронд ў ва ба кабинети сардор даромад.
– Наташа Сергеева нест, – хабар дод ў.
– Ин тавр бошад, бе ў сар мекунем, – гуфт сардори шўъба Маҳмуд Мирзоев. Ҳозирон бо ишораи сар тасдиқ карданд.
Ба президиум аввал прокурор, баъд сардори шўъба, муффатиши прокуратура Раҷаб Нуров ва боз ду-се нафари дигар ҷой гирифтанд. Прокурор ба Раҷаб ишора кард, ки сар кунад.
– Рафиқон! – Раҷаб аз ҷой бархоста сухан кард. – Ба ҳамаатон маълум, ки дар бинои шумо ҷинояти вазнин содир шудааст. Сорокин Иван Сергеевич аз дасти ким-кадом қотил ваҳшиёна кушта шуд. Аз байн чанд рўз гузашта бошад ҳам, лекин натиҷае нест.
Қотил дар озодӣ мегардад. Мо ба чунин хулоса омадем, ки бе ёрии шумо қотилро дастгир кардан душвор. Сабаби шуморо ба ин ҷо даъват карданамон ҳамин, ки дар ин кор ба мо ёрӣ расонед. Ба хонаи Иван Сергеевич киҳо рафтуомад дошт? Ў ягон чизи қиматбаҳо дошт ё не? Кадоме аз шумо ўро хубтар медонистед, ба хонааш даробуро доштед? Он шаб ба назди ў ягон кас омада буд ё не? Умуман, чизе ки медонед, гўед. Донистани ҳама гуна майдачўйдаҳо оид ба ин ҳодиса барои мо аҳамияти калон дорад.
Фаромўш накунед, ки қотил дар озодӣ гаштааст. Агар шумо дар тезтар ёфта, дастгир кардани вай ба мо кўмак нарасонед, аҷаб нест, ки боз чанд одами дигар аз дасти вай ба ҳалокат расад.
Залро хомўшии тамом фаро гирифт. Касе лаб намекушод.
Ниҳоят хомўшии ногуворро пиразане, ки дар сар кўлоҳи хасин, дар чашм пенсно ва дар сари китфаш рўймоли сафеди пашмин дошт, бартараф кард.
– Ба хонаи Сорокин ба ғайр аз Наташа дигар касе рафтуомад намекард. Имрўз ўро дар ин ҷо намебинам. Гапи ман ҳамин, дигар чиз илова карда наметавонам.
– Мария Сергеевна дуруст мегўяд, – аз поёни зал шунида шуд овози дупўстае.

пешина
аз 315
навбатӣ