АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

Агар дар як ибора якчанд ё ҳатто ҳамаи операторҳои мантиқӣ ҳамзамон истифода шаванд, афзалияти амалиётҳо чунин аст:
муносибатҳо (, =, ==, !=) not (НЕ) and (ВА) or (Ё) Барои тағйир додани тартиби амалиётҳо, аз қавсҳо истифода баред.
Биёед ба мисоли тағйир додани тартиби ҳисобҳо дар ҳолатҳое, ки қавсҳо пайдо мешаванд, назар андозем:
a, b, c = 4, 6, 8 print(c == 8 or b < a and not a < 7) print((c == 8 or b < a) and not a < 7) Машқҳои мустақилона
Бо истифода аз оператори and ду ибораи мураккаби мантиқӣ эҷод кунед, ки яке аз онҳо ба True ва дигаре ба False баробар аст.
Супориши 1-ро бо ҳамин роҳ, аммо бо истифода аз оператори or иҷро кунед.
РӮЙХАТҲО КОРТЕЖҲО ВА ЛУҒАТҲО
Барнома аксар вақт маҷмуи додаҳои вобастаро нигоҳ медорад, масалан, номи хонандагон ё рақамҳои телефонро.
Барои ин дар Python сохторҳои додаҳо, аз ҷумла рӯйхат, кортеж ва луғат истифода мешаванд.
Рӯйхат (list) сохторест, ки аз унсурҳое иборат аст, ки бо тартиби муайян ҷойгир шудаанд. Ҳар як унсур рақам (ё индекс) дорад, ки тавассути он ба он дастрасӣ пайдо кардан мумкин аст. Барои эҷоди рӯйхат, ҳамаи унсурҳои он дар дохили қавсҳои мураббаъ ([]), ки бо вергул ҷудо карда шудаанд, номбар карда мешаванд.
Масалан, биёед рӯйхати аъзоёни оилаи худро эҷод кунем:
myfamily = ['father', 'mother', 'sister', 'brother'] Дар ин ҳолат, рӯйхати мо дар тағйирёбандаи myfamily нигоҳ дошта мешавад. Пас аз тартиб додани рӯйхат, мо метавонем барномае барои кор бо он нависем. Масалан, биёед барои ҳар як узви оила бо истифода аз давр табрикот нависем:
Рӯйхат метавонад намудҳои гуногуни объектҳоро дар бар гирад. Як рӯйхат метавонад ҳамзамон сатрҳо, рақамҳо ва объектҳои намудҳои дигари додаҳоро дар бар гирад: objects = [1, 2.6, 'Hello', True] Рӯйхатҳоро якҷоя илова кардан мумкин аст ва рӯйхати нав унсурҳоро аз ҳарду рӯйхат дар бар мегирад:
x = [1, 2, 3, 4] y = [5, 6, 7, 8] z = x + y print(z) Натиҷа: [1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8] Шумо метавонед бо истифода аз рӯйхатҳо амалҳои гуногунро иҷро кунед:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё