Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
15.1. Коллективҳои меҳнатӣ, шаклҳо ва талаботи коллективӣ
Дар самаранокии кори менеҷмент мақоми асосиро коллективҳои меҳнатӣ иҷро мекунанд. Натоиҷи кори менеҷмент аз он вобаста аст, ки коллектив ба кадом андоза муттаҳид буда, қобилияти корӣ ва мақсаднокии истеҳсолӣ дорад. Барои он ки коллективи меҳнатӣ идора карда шавад, барои мо зарурати омӯзиши он, яъне донем, ки коллектив чист, кадом хусусиятро доро мебошад ва кадом омилҳои ташаккул ва инкишофи коллектив мавҷуд аст.
Коллективи меҳнатӣ гуфта, гурӯҳи одамонеро меноманд, ки барои иҷрои кори умумӣ муттаҳид гашта, мақсад ва манфиати якхела доранд.
Зарурати ташкили коллективи меҳнатӣ талаботи бевоситаи инкишофи ҷамъиятӣ мебошад. Яъне инсонҳо як худашон танҳо аз уҳдаи кори зарурӣ намебароянд. Аз ин лиҳоз, маҷбур мебошанд, ки муттаҳид шаванд. Аз оғози пайдоиши ҷамъияти ибтидоӣ зарурати шикори якҷоя, моҳигирӣ дар баҳр, коркарди замин ва ҳосилғундорӣ, сохтмонҳои роҳсозӣ, бахшҳои обёрикунӣ ва ғайраҳо ба миён омаданд. Ҳамчунин одамон дарк карданд, ки барои бехатарии худро таъмин намудан ва ё барои фаъолияти ҳарбӣ гузаронидан муттаҳид бошанд.
Коллективҳои меҳнатии имрӯза акнун, нафақат гурӯҳи одамони кориҷрокунанда, балки одамоне мебошанд, ки донишу малака ва таҷрибаи хуби корӣ дошта, барои истеҳсоли молҳои алоҳида, ё худ корҳои алоҳида махсус ҷамъ омадаанд. Дар ҷараёни инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ коллективҳои меҳнатӣ низ инкишоф ёфта, ба гурӯҳҳои устувори истеҳсолӣ табдил ёфтаанд. Имрӯз асоси истеҳсолоти моддӣ, ё хизматрасониро коллективҳои меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Лекин, ин маънои онро надорад, ки меҳнати фардӣ аз байн рафта бошад. Дар ҷомеа ихтисос ва касбҳое ҳастанд, ки фақат меҳнати фардиро тақозо доранд, аммо онҳо, албатта ягон коллективи меҳнатӣ мебошанд.
Меҳнати коллективӣ нисбат ба одамони алоҳида натиҷаҳои зиёдеро ба бор хоҳад овард. Ин раванд бар пояи иқтидори калони коллективҳои меҳнатӣ ба вуҷуд меояд. Ҳамин тариқ, меҳнати коллективӣ имкон медиҳад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор