Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дониш ва кордонии худро ба аъзоёни коллектив додан. Барои ин шумо мукофот ва раҳматномаҳо мегиред, инчунин худи шумо низ донишу кордонии навро аз худ мекунед;
дар коллектив мақсадҳои баланд ва вазифаҳои мураккабу бузург нисбат ба алоҳидагӣ иҷро карда мешавад;
дар коллектив шумо дастгирии одамонро на фақат дар кор, балки дар масъалаҳои иҷтимоию маишӣ низ мебинед;
қобилият, эҷодкорӣ ба кордонии ҳар як аъзои коллектив имкон медиҳад, ки: ақидаҳои нав, пешниҳодҳо ва ихтирооти нав ба вуҷуд ояд;
ҳисси масъулиятнокии на танҳо барои кори худ, балки барои дӯстонатон ва аъзои коллектив пурра дида мешавад;
рафтори ҳар як аъзои коллектив аз тарафи коллектив муҳокима карда мешавад ва мувофиқи меъёрҳои меҳнатӣ ва қоидаҳои корхона ҷазо дода мешавад.

Чунин як натоиҷро коллектив вақте ба худ мегирад, ки агар пурра ташаккул ёфта бошад ва хислату сифати беҳтарро доро бошад.

Имконоти коллективи меҳнатӣ аз шаклҳои он вобастагӣ дорад.

Шаклҳои коллектив аз рӯи нишонаҳо гуногун мешаванд:
коллективҳо аз рӯи вазифаашон намояндагӣ ва ғайринамояндагӣ мешаванд;
коллективҳо аз рӯи фишанги ташаккулашон ҳам бо фармони роҳбарият ва ҳам бо тарзи фавқуллода арзи ҳастӣ менамоянд;
вобаста ба хислати робитаҳои дохилиашон ба гурӯҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ табақабандӣ мешаванд.

Коллективҳои намояндагӣ гуфта, коллективҳоеро меноманд, ки дар асоси қонун ташкил шуда, қоида ва меъёрҳои дохилии корхонаро иҷро менамоянд. Робитаҳои истеҳсолӣ дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавии ҳар як коргар вобаста аз зинаҳои идоракунӣ ташкил карда мешавад. Фаъолияти чунин коллективҳо асосан аз рӯи қоидаҳо ва қоидаҳои бюрократии ратсионалӣ ташкил карда мешавад.

Коллективҳои ғайринамояндагӣ дар ягон ҷо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ қайд карда нашудаанд. Онҳо бар асоси хоҳиши одамон ташкил шуда, вобаста ба ҳурмату эҳтироми якдигар ба фаъолият мепардозанд. Алоқаҳои дохилии чунин

пешина
аз 465
навбатӣ