Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
коллективҳо дар асоси алоқаҳои ғайрирасмии пешвои коллектив ва атрофиён ташкил карда мешаванд.
Коллективҳои меҳнатӣ вобаста ба мӯҳлати фаъолият ба навъҳои муваққатӣ ва доимӣ ҷудо мешаванд. Онҳо аз рӯи миқдорашон фарқ карда, гурӯҳҳои хурд (аз се то панҷ аъзо), миёна (аз 10 то 30 нафар аъзо) ва коллективҳои калон (аз 30 боло то чандсад аъзо) фаро мегиранд. Аксар маврид коллективҳои калон боз ба гурӯҳҳои хурд ҷудо карда мешавад. Аз ин ҷиҳат як одам метавонад, якбора аъзои ду ва ё чандин коллектив бошад. Мисол ҳар як устод аъзои коллективи кафедра, коллективи факулта ва коллективи Донишгоҳ мебошад.
Барои муайян намудани шакли коллектив зарур аст, ки намуди кор, хусусияти он ва тарзи фаъолияти он омӯхта шавад. Мисол, таркиби коллективҳои устодону профессорони кафедраҳои Донишгоҳ, бригадаҳои сохтмонии трестҳо ва бригадаҳои трактории хоҷагиҳо, ё коллективи бригадаи десантии умури дохила аз ҳамдигар ҳам шаклан, ҳам мазмунан фарқ мекунанд.
Дар ҳамаи коллективҳо тақсимоти дохилии истеҳсолӣ дида мешавад, ки дараҷаи он аз функцияаш вобастагӣ дорад. Ҳангоми коргарон барои иҷрои кори якхела сафарбар карда шудан функцияҳо вижагии миқдорӣ касб мекунанд. Мисли ҳамин, агар шахсони ихтисосманд ба кор ҷалб шаванд, вазифаи вижагии мураккаб мегирад. Чунончӣ дар коллективи кафедраи устодони факултаи иқтисодӣ, мутахассисони физика ё биология дошта кор карда наметавонанд, чунки онҳо ихтисоси дигар доранд.
Дар шароити имрӯзаи пешрафти илму техника коллективҳое мавҷуд ҳастанд, ки якчанд ихтисос доранд.
Дар коллективҳои меҳнатие, ки дараҷаи баланди ихтисос, техника ва касбӣ дида мешавад, идоракуниро ба дӯши менеҷере, ки таҷрибаи калони идоракуниро аз рӯи ихтисос дошта бошад, гузошта мешавад.
Афзоиши малакаи ихтисосмандии коллективҳо барои осонии кори ташкилӣ ва ҳамоҳангсозӣ мусоидат мекунанд. Менеҷер ба ин такя намуда, қисме аз фаъолияти худро ба рӯдаи онҳо мегузорад ва ё гурӯҳҳои махсуси корие ташкил мекунад, ки барои муҳокимаи касбии ин, ё он масъала кӯмак расонанд. Мисол,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор