Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар кори самараноки коллектив мақсадгузории аниқ мақоми хос дорад. Ҳар як аъзои коллектив бояд зарурати мақсадро фаҳмад ва барои иҷрои он ҳаракат намояд.

Омили дуввуми ташаккули коллектив қобилияти кордонӣ ва дониши зарурии аъзои коллектив маҳсуб мегардад. Бинобар ин дар вақти ташаккули коллектив пеш аз ҳама ҷиҳати касбӣ, малакаи дониш ва қобилияти кордонии аъзои нав шарти зарурӣ мебошад.

Омили дигари ташаккули коллектив боварӣ ба ҳамдигар мебошад. Самаранокии кори коллектив, пеш аз ҳама ба дараҷаи боварӣ ба ҳамдигар вобаста мебошад. Коллективи устувор на танҳо ба рафтори намунавӣ, балки ба қобилияти кордонӣ ва донишмандии коргар боварӣ доштанаш зарур мебошад.

Муҳити боварӣ барои менеҷменти корхона аз ҳама муҳити форам мебошад. Барои ба чунин муҳит соҳиб гаштан зарур аст, менеҷер аз фаъолияти зайл пайгирӣ намояд:

  1. Бо одамон муомила ва сӯҳбати доимӣ намояд. Ба ҳар як аъзои коллектив ва итоаткорон ба таври доимӣ аз ҳодисаҳои роҳбарӣ воқиф намуда, фаҳмонда додани қарорҳои худ ва сиёсати менеҷменти корхона, мубодилаи баръакс доштан аз сифатҳои хуби менеҷмент ба шумор меравад. Муҳокимаи масоилҳо, кушоду равшан гуфта додани мушкилиҳо аз пешаҳои асосии менеҷер маънидод мешавад.

  2. Дасти ёрӣ дароз кардан ба одамон, кушоду дастрас будан ба итоаткунандагон, аъзои коллективро барои ақидаҳои нав дастгирӣ намудан низ хусусияти волои менеҷерро бозӯ менамояд.

  3. Ҳуқуқи ӯҳдадориҳои ҳақиқии худро ба дигарон супорида, огоҳ бошад.

  4. Адолатпарастӣ, меҳнати дигаронро қадр намудан, бошед. Меҳнати шахсони дигаронро корманд кунед, ба таври объективӣ амал карда, ба хушомадгӯиҳо дода нашудан, муҳити боварии коллективро боз ҳам устувор менамояд.

  5. Менеҷер дар фаъолияти худ ботартиб, кушоду равшан бошад ва ваъдаҳои бевосита ва бавоситаи худро иҷро намояд.

  6. Менеҷер ҳаракат намояд, ки арзиши худро нишон дода, аз рӯи қобилият, дониш ва кордонию сазовори ҳурмату эҳтироми аъзои коллектив бошад.

пешина
аз 465
навбатӣ