Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Яке аз омилҳои ташаккули коллектив доимо мавҷуд будани мубодилаи ахбор дар байни аъзои он аст, ки барои самаранокии меҳнат кӯмак мерасонад, агарчи мубодилаи баръакси байни менеҷмент ва коллектив вуҷуд дошта бошад. Ҳангоми дар байни якдигар ҳал намудани ин, ё он мушкилот менеҷер бояд аз худ қобилияти маслиҳат ва шартнома бастанро зоҳир намояд.
Аъзои коллектив метавонад нофаҳмӣ, ё камбудие, ки дар корхона мавҷуд аст, якҷоя ҳал намуда, баҳри ислоҳи он ба боло пешниҳод намояд ва мусбат ҳал намояд.
Роҳбарини самаранок ба кори коллектив аксари маврид аз тарзу усул ва рафтори роҳбар вобаста мебошад. Барои он ки сухани роҳбар дар коллектив матлуб бошад, шарт нест, ки ӯ диктатор бошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар мавридҳо роҳбари хуб ҳамчун як маслиҳаттар ва устод баромад карда, сазовори дастгирӣ мебошад.
Дастгирии дохила барои устувории кори коллективҳои меҳнатӣ мутобиқат намуда, имконоти баланд бардоштани дониш, натиҷаи меҳнат, ҳавасмандӣ, мотиватсия, болоравии фаъолият ва хизматҳои аъзои онро метезонад. Дастгирии беруна мавҷуд будани тамоми захираҳоеро, ки барои кори самараноки коллектив кӯмак мерасонанд ифода менамояд.
Идоракунии коллектив ин фаъолиятест, ки дар асоси иҷрои чор функцияи менеҷмент зоҳир мегардад.
- Банақшагирӣ.
- Ташкилӣ.
- Роҳбарӣ
- Назоратӣ.
Яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи коллектив мақоми роҳбар мебошад. Ин вобаста аст, ба он ки ҷараёни корӣ чӣ хел ба роҳ монда шудааст, кадом тарзу усули роҳбарӣ истифода карда мешавад, дараҷаи дониш, қобилият ва малакаи касбии роҳбар чӣ гуна аст, роҳҳо ва тарзҳои ҳалли муноқишаҳо ва масоилҳои коллектив чӣ тавр ба роҳ монда шудааст. Зиёда аз 13 навовариҳои муносибатҳои башариро ҳангоми кор дар коллектив ҷудо кардан мумкин аст:
- ҚабЛ аз он, ки ба савол Ҷавоб мегӯед аввал дурустии онро андеша намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор