Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҳолат системаи маъмурии фармондиҳӣ мақоми муҳим дошта, дар асоси нақшаи қатъи мутахассисони соҳаҳои гуногунро тайёр намудаанд. Дар натиҷа аллакай баъди 10-сол, солҳои 40-ум мамлакат кормандони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни худро дошт. Аммо камбудиҳое, ки дар идоракунии корманди ихири солҳои 30-юм ва солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон дида шуд, бо роҳи нобуд сохтани кормандони боқувват зарари худро ба ҳаёти ояндаи ҳукумати Шӯравӣ расонид.

Солҳои 80-90-уми асри XX роҳи нави тайёр кардани дараҷаи кормандӣ пеш гирифта шуд, ки он ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ надода, ҳукумати Шӯравӣ аз байн рафт.

Дар шароити имрӯза, ки иқтисоди бозоргонӣ роҳи ягонаи инкишофи иқтисодӣ мебошад, дар аксарияти давлатҳо тайёр кардани кормандони иқтисоди бозорӣ роҳи ҳалли ин масъала мебошад.

Дар асоси пешниҳодҳо ҳар як корхона бояд, ки сиёсати корманди худро дошта бошад, ки бояд талаботҳои зеринро дарбар гирад:

имконоти тағйир додани малакаи дониш бо мақсади гузаштан ба истеҳсоли моли нав ва технологияи нав;

саривақт ба нафақа баромадани коргарон ва таъмини нафақа, имтиёзҳо, иваз кардани онҳо ба кормандони нави ояндадор;

ташкили ҷои корӣ барои истеҳсолоти нав;

ҷалби васеи коргарон ба идоракунӣ дар асоси идоракунии демократӣ;

гузаронидани аттестатсияи коргарон бо мақсади пешниҳоди онҳо барои корҳои баланд;

ҷорӣ кардани маркетинги кормандӣ, яъне омӯзиши ва идора кардани бозори қувваи коргарӣ.

Агар сиёсати корманди корхона ба талаботи номбаршуда ҷавоб дода тавонад, онгоҳ корхона метавонад, ки сиёсати корманди худро дуруст ба роҳ монад.

Яке аз раванди корманди корхона ин омӯзиши кормандӣ мебошанд. Яъне кормандони корхона ва малакаи дониши онҳо бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошанд.

пешина
аз 465
навбатӣ