Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Асосан малакаи дониши таҷрибавӣ ба 3 қисм тақсим мешавад:

  • техникӣ;
  • муомилан байниҳамдигарӣ;
  • ҳалли мушкилиҳо.

Усули қабулшудаи баландбардории малакаи дониши коргарон бо роҳи гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши барномаҳои нави системаи ахборӣ сурат мегирад.

Аслан омӯзиши барномаҳои компютерӣ, истифодаи интернет ва дигар барномаҳои иқтисодии ҳисобкунӣ унсурҳои асосие мебошанд, ки дар навбати аввал бояд мутахассис донад.

Навигариҳо оид ба муомилан байниҳамдигарӣ асосан байни шӯъбаҳо, корхонаҳо ва ҳамкорон гузаронида мешавад. Муайян шудааст, ки ҳосилнокии бештар аз он вобаста мебошад, ки то чӣ андоза муомилан дуруст ба роҳ монда шудааст. Бояд таъкид кард, ки на ҳамаи мутахассисон метавонанд, ки муомилан хуби кориро дошта бошанд. Бинобар ин, курсҳои махсуси омӯзиши рафтори роҳбарӣ ташкил карда мешавад, то мутахассис-коргар дониши худро сайқал диҳад.

Ба аксари коргарони ташкилот зарур мебошад, ки дар ҷои кор ин ё он масоилро мустақилона ҳал намоянд. Агар коллектив чунин қобилиятро надошта бошад, он гоҳ менеҷери корхона маҷбур аст, ки курсҳои махсуси баландбардории қобилияти эҷодии коргаронро ташкил намояд, то ки коргарон имкони ҷудо кардани масоил, баҳо додани сабабҳои он ва таҳлили вариантҳои иҷрои онро дошта бошанд.

Ҳолатҳои дигари ғайрианъанавие, ки дар муассисаҳои тиҷоратии калонтарини дунё мегузарад, талаботҳои мазкурро аз коргар то қабули кор санҷида мешавад. Мисол, барои он ки шуморо дар яке аз заводҳои «TOYOTA MOTORS» ба кор қабул намоянд, бояд, ки тести 18-соата супоред.

Гурӯҳи иборат аз 12 нафар ба «Маркази баҳодиҳӣ» равон карда мешавад. Ин гурӯҳ бо мақсади нишон додани қобилияти худ доир ба муомилаи байниҳамдигарӣ, сухан гуфтан, фикрронӣ кардан, ҳалли мушкилиҳо ва кор кардан дар коллективро нишон медиҳад. Баъд аз ин имтиҳони асосӣ «саволу ҷавоби чуқур» доир мегардад. Номзад аз фанҳои адабиёт ва математика

пешина
аз 465
навбатӣ