Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳайати ёрирасон коргаронеро фаро мегирад, ки фаъолияти коргарони асосиро таъмин месозанд. Аз рӯи ҳисоби оморӣ вобаста ба намуди фаъолияташон дар корхона таъмингарон, муҳофизатгарон, хизматрасонии иҷтимоӣ ва ғайра табақабандӣ мегарданд.

Сохтори аналитикии ҳайат гурӯҳҳои умумӣ ва махсус ҷудо карда мешавад. Ба нишондиҳандаҳои умумӣ собиқаи корӣ, маълумот, вазъи оилавӣ, муносибати ҳарбӣ ва ғайра дохил мешаванд. Ба нишондиҳандаҳои махсус миқдори коргароне, ки барои иҷрои корҳои алоҳида сафарбар мешаванд, дохил мешавад.

Ҳайати штатии корхона аз рӯи миқдори меъёрин ҳайати корхона муайян карда мешавад.

Дар ҳайати штатии корхона вазифаҳои ҳамаи коргарони корхона дохил карда шудааст. Мувофиқи ин ҳуҷҷат ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳо, ҷавобгарии шахсони вазифадор нишон дода мешавад.

Вазифа гуфта, мазмун ҳуқуқҳоеро меноманд, ки функцияи корин коргарро муайян мекунад. Коргар ба вазифа қабул шуда, ҳуқуқ надорад, ки аз пеши худаш фаъолияти худро пеш барад. Роҳбар ҳама воситаҳои истеҳсолиро дар ихтиёр дошта, боз фаъолияти кории коргаронро идора мекунад. Вазифаҳои истеҳсолии худро иҷро карда, роҳбар ҳуқуқ дорад, ки қарорро дар ҳудуди ҳуқуқҳои худаш қабул намояд.

Тамоми вазифаҳо номи худро доранд. Дар номҳои вазифаҳо функцияи онҳо нишон дода шудааст. Мисол, иқтисодчӣ, бухгалтер, профессори кафедра, инженер, декани факулта, ректор ва ғайра.

Дар корхонаҳои саноатӣ вазифаҳо ба чор гурӯҳ тақсим карда мешаванд:

❖ коргарон;

❖ ҳайати хурди хизматрасон;

❖ ҳайати коргарони инженерӣ ва техникӣ;

❖ хизматчиён.

Вобаста ба доираи фаъолияташон ҳайати корхонаро ба ду қисм ҷудо мекунанд:

  1. Коргарони меҳнати ҷисмонӣ.
  2. Коргарони меҳнати фикрӣ.
пешина
аз 465
навбатӣ