Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

корҳои агрегатӣ бошад, дар асоси меъёри хизматрасонии агрегатҳо аниқ мегардад.

Дар асоси меъёрҳо миқдори ҳайат муайян карда мешаванд.

Миқдори коргарони ҳақиқии корхона на ҳама вақт ба коргарони меъёрӣ мувофиқ меояд. Аксари маврид коргарони миқдорӣ нисбат ба меъёрӣ кам мебошанд. Ин ҳолат мавҷуд будани ҷои холии кориро дар корхона мефаҳмонад.

Ба ҳайати миқдории коргарони корхона тамоми коргароне дохил мешаванд, ки на камтар аз 5 рӯз ба кор қабул карда шудаанд. Мисли ҳамин коргарони доимӣ, мавсимӣ, муваққатӣ низ мавҷуд аст, ки бо мӯҳлати то ду моҳ, ё то чор моҳ дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул карда шудаанд.

Ҳайати коргарони корхона доимо дар ҳаракат мебошанд. Касе аз кор меравад, дигаре ба нафақа сеюмин ба дамгирӣ ба хондан, ё ба сафари хизматӣ.
Чунин тағйироти ҳайати корхона дар ҳуҷҷатҳои корхона фармонҳо, фармоишҳо ва қарорҳои роҳбарияти он сабт меёбанд.

Ин ҳисоб, ки дар шӯъбаи кормандон ба қайд гирифта мешавад, гардиши ҳайат ном дорад. Дар ҳар як корхона ду шакли гардиш аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

  1. Гардиши зарурӣ.
  2. Гардиши зиёдатии ҳайат.

Гардиши зарурӣ аз кор рафтани коргаронро бо сабабҳои объективӣ (даъват ба армия, кам кардани штатҳо ва ғайра) ифода мекунад. Гардиши зиёдатии ҳайат ҳисоби одамонро ифода мекунад, ки бо сабабҳои субъективӣ корхонаро тарк гуфтанд, ба кор дер меоянд, ё намеоянд ва ё барои вайрон кардани қоидаҳои дохилии корхона аз кор рафтаанд ва амсоли ин.

Барои кори самараноки корхона сохтори ҳайат ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҳар як корхона гурӯҳи коргарони худро дорад, ки аз рӯи синну сол, ҷинсият, маълумот, касб, ихтисос, вазифа фарқ мекунанд. Сохтори ҳайат таҳти равияҳои оморӣ ва аналитикӣ муайян карда мешавад. Дар ҳисоби оморӣ ҳайати асосӣ ва ёрирасон дохил мешавад.

Ҳайати асосӣ маҷмӯи коргаронро меноманд, ки бевосита дар раванди истеҳсолот иштирок менамоянд.

пешина
аз 465
навбатӣ