Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Менеҷменти ҳарбӣ — сохтори идораию ташкилии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат.
-
Менеҷменти соҳибкорӣ — шакли махсуси бизнес-менеҷмент буда, дар он хусусиятҳои хоси давлатдорӣ, урфу одати мардум, омилҳои иҷтимоию психологӣ ба инобат гирифта мешавад.
Услуби фарқкунандаи бизнес-менеҷмент аз дигар намуди менеҷмент дар он мебошад, ки дар он раванди асосӣ ба даст овардани пул ба воситаи пул мебошад.
Муайян карда шудааст, ки самаранокии идоравии менеҷмент бояд ба ду унсури асосӣ такя намояд:
-
Дараҷаи баланди касбӣ доштан.
-
Истифода намудани вазъиятҳои соҳибкорӣ, яъне омӯзиш ва таҳлили васеи маркетинг.
Мураккабии менеҷмент дар шароити системаи иқтисоди бозорӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ба бозори озоди иқтисодӣ, моликияти хусусӣ ва таъмини пурраи ҳуқуқу озодии башарӣ равона карда шудааст. Аз тарафи дигар маҳдудияти захираҳои табиию истеҳсолӣ ва зиёдшавии бемайлони аҳолии кураи замин талаботро нисбат ба фаъолияти менеҷмент боз мураккаб месозад.
Ҳамин тариқ, менеҷмент шаклу усул ва тарзи идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ мебошад, ки имрӯз чун илм ва фанни мустақил мавриди таҳқиқ ва тадриси ҳатмию ногузир барои мутахассисони соҳа қарор гирифтааст.
Мақсади асосии менеҷмент — ҳарчӣ хубтар таъмин намудани талаботи воқеии одамон бо механизми бозории талабот, таклифот ва фоида.
Барои ба мақсад расидан усули асосии истифодаи менеҷмент ташкил ва таъмин намудани ҳавасмандии иқтисодии коргарон аз натиҷаи меҳнат мебошад.
Расидан ба чунин мақсад ва иҷрои вазифаи муҳим зарурияти ба кор ҷалб намудани мутахассисеро, ки дорои қобилияти баланди фикрронӣ, тахассусӣ ва кордонию роҳбарӣ доранд, пайдо мегардонад, ки он номи «менеҷер»-ро ба худ гирифтааст.
Менеҷер — мутахассиси касбии махсус омодашуда аст, ки дар асоси шартномаи кироя барои соҳибмулк дар иҷрои вазифаҳои роҳбарӣ ва идоракунии ташкилот (корхона) фаъолият бурда, ба корхона фоида меорад. Имрӯз дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё