Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ҷаҳон маоши менеҷер аз дигар мутахассисон баланд мебошад. Чунончи, ки яке аз роҳбарони номдори бизнеси америкои Ли Якока қайд мекунад, директори генералии компанияи «Форд» дар як сол аз президенти ШМА зиёдтар маош мегирад. Музди меҳнати менеҷерро дар асоси зиёдшавии фоидаи корхона медиҳанд. Дар 5 компанияҳои калонтарини Англия имрӯз менеҷерон бо миқдори зиёда аз 1 млн. доллари американ маоши солона доранд.
Ҳамин тариқ, зарурати менеҷмент ҳамчун илми идоракунӣ дар асоси инкишофи ҷамъияти демократии инсонӣ, ки ба иқтисоди бозорӣ равона карда шудааст, пайдо мегардад.
Сарчашмаи асосии ин илмро ҳамчун фан ба се қисм ҷудо кардан мумкин мебошад:
-
Илмҳои ҷамъиятию иқтисодӣ - назарияи иқтисодӣ, фалсафа, психология, сотсиология, этика ва эстетика, маданиятшиносӣ.
-
Илмҳои моделсозӣ ва кибернетика - математика, ояндабинии иқтисодӣ, моделсозӣ, назарияи системаҳои мураккаб, кибернетика ва информатика.
-
Илмҳои назариявии идоракунӣ - назарияи идоракунӣ, системаи автоматии идоракунӣ (САИ), назарияи танзими макроиқтисодӣ, компьютерикунонӣ ва автоматикунонии идоракунӣ.
Дар асоси илмҳои номбаркардашуда илми менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ мақсад, вазифаҳо ва услуби омӯзиши худро доро мебошад.
1.2. Предмети омӯзиш, мақсад ва вазифаҳои асосии фанни менеҷмент
Предмети менеҷмент ҳамчун илм дар миёнаи асри XX муайян гардидааст. Аммо менеҷмент асосҳои илмии худро дар натиҷаи фаъолияти роҳбарии якчанд давраҳои таърихии инсонӣ ба даст даровардааст. Аз очеркҳои таърихӣ маълум мегардад, ки тоҷикон асосҳои идоракунии давлатиро ҳанӯз зиёда аз 1100 сол пеш дар замони Сомониён хеле ҳам хуб омӯхта ба роҳ мондаанд.
Классикони файласуфи Юнони қадим - Суқрот, Арасту, Афлотун, Эпикур, Лукретсий, классикони форсу тоҷик чун Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абӯали

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё