Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Низомулмулк ва дигарон дар бораи пешвоӣ ва санъати идоракунӣ андешаҳои арзишманд гуфтаанд, ки дар охири ҳамин китоби дарсӣ қисме аз он гуфтаҳо оварда шудаанд.
Дар баробари инкишофи иқтисодӣ мазмуни менеҷмент низ васеъ шуда, аз давраҳои ғуломдорӣ то давраи давлатҳои ҳуқуқбунёди дунявии демократӣ давраҳои инкишофи таърихии худро дорад.
Менеҷмент илми мустақил буда, объект ва предмети омӯзиши худро дорад.
Объекти омӯзиши фанни менеҷмент — одамон, техника ва технология, корхона ва ташкилот.
Субъекти идоракунӣ — шахсиятҳо ва корхона, ҳамчун доираи фаъолияти менеҷер.
Асосҳои методологии менеҷмент ҳамчун илм қисматҳои зеринро дар бар мегирад:
❖ асосҳои методологии менеҷмент;
❖ таърихи пайдоиш ва инкишофи менеҷмент;
❖ концепсияи нави менеҷмент вобаста ба инкишофи иқтисодӣ;
❖ технологияи менеҷмент;
❖ таъминоти ахбории менеҷмент;
❖ навоварӣ ва таваккали менеҷмент;
❖ иртибот дар менеҷмент;
Менеҷмент ҳамчун санъату таҷрибаи идоракунӣ ва муносибатҳои башарӣ пурра ҷараёни ташкилии корхона, истеҳсолот, истеъмолотро дар бар гирифта аз қисматҳои зерин иборат мебошад:
❖ корхона ҳамчун субъекти асосии менеҷмент;
❖ ҷараёни идоракунӣ ва қарордоди идоракунӣ;
❖ менеҷменти стратегии корхона;
❖ мотивратсия ва ҳавасмандии фаъолияти одамон;
❖ талаботи кормандии менеҷмент;
❖ менеҷер — субъекти асосии менеҷмент;
❖ коллективҳои меҳнатӣ ва иқтидори кормандон;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё