Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ва фаъолияти соҳибкорӣ худашон иштирок намекунанд ва ҷавобгӯ низ нестанд. Фақат онҳо дар тақсимоти фоида, ё зарари ташкилот иштирок мекунанд.

Иштироккунандагони ташкилоти рафиқона метавонанд шахсони алоҳидаи инфиродӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ бошанд.

Ҷамъияти хоҷагидорӣ ташкилоти тиҷоратие мебошад, ки сармояи оинномавии он аз ҳисоби ҳиссагузории аъзоён пайдо шудааст.

Моликияте, ки дар асоси ҳиссагузор ташкил карда шудааст, моликияти худи ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Ҷамъиятҳои хоҷагидорон дар шаклҳои зерин ташкил карда мешаванд:

  1. Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ.

  2. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд.

  3. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти иловагӣ.

Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ташкилоте мебошад, ки сармояи оинномавиаш ба саҳмияҳо ҷудо карда шудааст.

Саҳмия - коғази қимматнок мебошад, ки барои гирифтани ҳиссаи муайяни фоида ба соҳибаш ҳуқуқ медиҳад.

Иштироккунандагони ҷамъиятҳои саҳҳомӣ доир ба фаъолияти ҷамъият ӯҳдадорӣ надошта, фақат дар вақти зарар дидан ба ҳадди саҳмияи доштааш масъулиятро ба зимма дорад. Иштироккунандагони ҷамъияти саҳҳомӣ байни худ шартномаи хаттии аъзогӣ мебанданд, ки дар он тартиботи ташкили ҷамъият, сармояи оинномавӣ, ҳаққи иштироккунандагон, хусусият ва арзиши саҳмияҳо нишон дода мешаванд.

Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар шакли кушода ва пӯшида мешаванд.

Ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода, ташкилоте мебошад, ки иштироккунан- дагони он озодона, бе розигии якдигар саҳмияашонро мефурӯшанд. Чунин ҷамъиятҳо саҳмияро озод дар фурӯш мебароранд ва кассе, ки маблағ дорад мехарад.

Ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида, чунин ташкилотҳое мебошанд, ки саҳмияи онҳо танҳо дар байни ҳиссагузорони вай хариду фурӯш карда мешавад, ё миқдори шахсони кам, ки пештар дар шартнома навишта шуда буданд, ҳуқуқи харидани саҳмияро доранд.

пешина
аз 512
навбатӣ