Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Миқдори одамони ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида бояд аз 50 нафар зиёд набошад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд - ташкилоте, ки сармояи оинномавиаш дар асоси ҳиссаи иштироккунандагон ташкил карда шудааст.
Иштироккунандагони ин ҷамъият ҳеҷ гуна масъулияти корхонаро ба худ намегиранд, фақат ҳангоми зарар дидан бо миқдори ҳиссаи худӣ иштирок мекунанду халос. Миқдори шахсоне, ки дар ин ҷамъият иштирок мекунанд бояд аз 50 нафар зиёд набошад.
Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ аз рӯи он қоидаҳое амал мекунад, ки ба ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд марбут аст, аммо аъзоёни ин ҷамъият доир ба фаъолияти корхона пурра масъулиятдор буда, новобаста ба ҳиссаашон ҷавобгарии якхела доранд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми қарздор шудани як иштироккунанда дигарон бояд зарари ӯро байни худ баробар тақсим карда супоранд.
Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ саҳмия ва қоғазҳои дигари қимматнокро намебарорад. Иштироккунандагони ҳар ду ҷамъият низ метавонанд, ки шахсони алоҳида ва шахсони ҳуқуқӣ бошанд.
Иштироккунандагони ин ҷамъиятҳо наметавонанд, ки органҳои давлатӣ ва маҳаллии идоракунӣ бошанд.
Ҳисса ва моликияти ин ҷамъиятҳо дар шакли пул, қоғазҳои қимматнок, чизу мол ва дигар ҳуқуқҳои моликиятдорӣ мебошанд.
Иштироккунандагони ташкилотҳои рафиқона ва ҷамъиятҳо чунин ҳуқуқҳоро доранд:
❖ дар идоракунии ҷамъият иштирок намояд, вобаста аз миқдори овозҳое, ки вобаста аз ҳиссааш дорад; ❖ дар тақсимоти фоида иштирок намоянд; ❖ дар ҳолати барҳамдиҳии ҷамъият ҳиссаи худро, ки баъди ҳисоббаробаркуниҳо боқӣ мондааст гирад; ❖ доир ба фаъолияти муҳосибон ахбори пурра гиранд ва ба ҳуҷҷатҳои он шинос шаванд.
Иштироккунандагони ташкилотҳои рафиқона ва ҷамъиятҳо вазифадоранд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё