Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Муассиса — ин ташкилоте мебошад, ки асосгузорони он ба мақсади инкишофи илму маориф, иҷтимоию маданӣ, варзиш, идоракунӣ ва дигар фаъолиятҳои ғайритиҷоратӣ ташкил мекунанд. Мисоли ин шакли муассисаҳо ин тамоми муассисаҳои системаи маориф, тандурустӣ, варзиш, ҳимояи иҷтимоӣ, маданият ва ташкилотҳои идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ мебошанд.
Муассисаҳо қисман, ё пурра аз тарафи моликиятдор маблағгузорӣ карда мешавад. Моликиятдор ба ихтиёри муассиса ҳуқуқи идоракунии моликиятро медиҳад. Муассиса пурра барои истифодаи самаранок ва мақсадноки воситаҳои пулӣ ва молии ташкилот ҷавобгӯ мебошад ва ҳангоми нарасидани маблағи соҳибмулк маблағгузорӣ мекунад.
Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқӣ, ассотсиатсияҳои ихтиёрии ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошанд. Ин иттиҳодияҳо асосан ғайритиҷоратӣ мебошанд.
Иттиҳодияҳои корхонаҳои тиҷоратӣ, дар асоси шартномаи байниҳамдигарӣ ташкил карда мешаванд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва ҳимояи фаъолиятҳои соҳибкорӣ фаъолият мекунанд.
Ин иттиҳодияҳо дар шакли иттифоқҳо ташкил карда мешаванд. Аъзоёни ин ташкилотҳо ҳуқуқи пурраи мустақилият ва шахси ҳуқуқии худро нигоҳ медорад, иттифоқ соҳиби моликияте мешавад, ки аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии аъзоён ба даст оварда шудааст.
Иттифоқ доир ба фаъолияти худ ба аъзоёни худ ҷавобгар намебошад. Моликияти иттиҳод фақат бо мақсадҳои оинномавӣ истифода карда мешавад. Аъзоёни иттифоқҳо иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ метавонанд аз хизматҳои якдигар бепул истифода кунанд.
Корхонаҳо - ин шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки бо мақсади фаъолиятҳои соҳибкорӣ ташкил карда мешаванд. Дар базаи корхонаҳо мумкин аст, ки тамоми шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ иҷро карда шаванд ба таври зайл:
фаъолияти тиҷоратии истеҳсолӣ;
фаъолияти соҳибкории молиявию қарзӣ;
фаъолияти тиҷоратӣ;
фаъолияти миёнаравӣ;
фаъолияти суғуртавӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё