Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Вобаста аз шакли моликияти саҳмгузорӣ корхонаҳо шахсӣ, хусусӣ, давлатӣ, мунисипалӣ, коллективӣ мешаванд.
Корхонаҳоро метавонанд, ки шахсони алоҳидаи фардӣ ва шахсони ҳуқуқӣ кушоянд.
Соҳибкории фардӣ шакли фаъолияти соҳибкорие мебошад, ки як шахс, ё оила сарукор дошта, дар асоси қонунҳои тиҷоратӣ ба танзим дароварда мешавад.
19.4. Асосҳои ташкилию ҳуқуқии идоракунии корхонаҳо
Корхона ин ташкилоте мебошад, ки соҳиби моликият, баланси мустақил, шакли идоракунии махсус, суроға, мӯҳр, оиннома, ному нишон, ҳисоби бонкӣ буда, дар яке аз органҳои давлатин масъул ба қайд гирифта шудааст.
Нишонаҳои корхонаҳо инҳо мебошанд:
-
Ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ташкил ёфта, ҳуқуқи моликиятдорӣ дорад, қайди органҳои давлатиро гузаштааст ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию санадиро доро мебошад.
-
Сохтори ташкилӣ ва идоракунӣ. Органҳои идоракунии корхона вобаста аз шакли моликияти он бо роҳи интихобӣ ва ё аз боло таъин намудан иҷро мегардад.
-
Корхона ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, бояд номгӯе дошта бошад, ки дар он шакли ташкили ҳуқуқии он нишон дода шуда бошад. Корхонаи тиҷоратӣ бояд номи ширкатӣ дошта бошад.
-
Суроға, ки корхона дар органҳои давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, телефон, суроғаи электрониро, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ сабт гардидаанд фаро гирад.
Ҳамин тариқ, нишондиҳандаҳои дар боло номбаркардашуда, тавсифи онро медиҳанд, ки корхона бояд:
дар асоси қонуниятҳо дар органҳои давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошад;
миқдори зарурин воситаҳои моддӣ ва молиявӣ дошта бошад;
соҳиби сохтори ташкилӣ ва идоракунӣ бошанд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё