Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Мақсади барпо кардани корхонаҳои хурд мусоидат кардани гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва тақвият додани соҳибкорӣ мебошад. Корхонаҳои хурд қодиранд, ки бозсозии сохтории иқтисодиро тезонанд, озодии васеи интихоб ва ҷойҳои кории иловагӣ пешниҳод кунанд, хароҷотбарориро таъмин намоянд ва ба таври фаврӣ ба тағйироту одатҳои талаботи истеъмолӣ ҷавоб гӯянд.

Тараққиёти корхонаҳои хурд бояд ба таври фаврӣ дар ғанӣ гардонидани бозор ба молу намудҳои хизмат, барҳам задани монополизми соҳавӣ ва минтақавӣ, васеъшавии рақобат, ҷорикунии комёбиҳои пешқадами илму техника, баланд бардоштани нерӯи содирот мувофиқат кунанд. Инчунин ба инкишофи деҳот, эҳёи касбу кори ёрирасон ва ғайраҳо таъсири мусбат расонанд.

Бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ қонунгузории ҷумҳурӣ ба сифати меъёри баробарқувва ҳаҷми гардиши хоҷагидорӣ аз рӯи нишондиҳандае, ки бо хусусияти соҳа ва намуди фаъолият бештар мувофиқ аст, муайян карда мешавад, инчунин метавонад шумораи ками ҳудуди коркунон муқаррар карда шавад.

Корхонаҳое, ки якчанд намуди фаъолияти хоҷагидориро иҷро мекунанд, серсоҳа буда, ба корхонаҳои хурд мувофиқи меъёрҳои ҳамон намуди фаъолият мансуб дониста мешаванд, ки дар ҳаҷми фурӯши маҳсулот (кор, хизмат) мавқеи зиёдтаринро ишғол мекунад.

Корхонаҳои хурд аз тарафи шаҳрвандон, аъзои оила ва дигар шахсоне, ки хоҷагиро якҷоя пеш мебаранд, корхонаи давлатӣ, иҷоравӣ, коллективӣ, муштарак, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳои иттиҳодиягӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, дигар корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки шахсони ҳуқуқианд, органҳои давлатӣ, ки ваколатдоранд молу мулки давлатиро идора кунанд, барпо карда мешаванд.

Ғайр аз ин, корхонаҳои хурд метавонанд аз тарафи органҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва гражданинҳо ба таври муштарак барпо карда шаванд.

Корхонаи хурд метавонад дар натиҷаи аз ҳайати корхона, иттиҳодия, ташкилоти амалкунанда ҷудокунии як ва ё якчанд сохторҳои таркибӣ, ё воҳидҳои алоҳидаи иттиҳодия бо ташаббуси коллектив ва ризояти соҳиби молу мулки корхона (орган, корхона, иттиҳодия, ташкилоти ваколатдори онҳо) барпо карда шавад. Дар ин ҳолат корхона, иттиҳодия, ташкилоте, ки аз он корхонаи хурд ҷудо шудааст, муассисони ин корхона шуда метавонанд.

пешина
аз 512
навбатӣ