Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Тартиби барпокунӣ, фаъолият, бадалсозӣ ва маҳви корхонаҳои хурд, ки мувофиқан ба намудҳои давлатӣ, иттиҳодиягӣ, иҷоравӣ, муштарак ва дигар намудҳои корхонаҳо мансубанд, аз тарафи қонунгузории амалкунанда бо назардошти хусусиятҳои хоҳашон танзим карда мешаванд.

Намудҳои инфиродӣ, оилавӣ, коллективӣ ва дигар намудҳои корхонаи хурд, ки тартиби барпокунӣ, фаъолият ва маҳвкунии онҳо бо қонунгузории махсус танзим карда намешавад, оинномаи худро ба роҳбарӣ мегиранд.

Оинномаи корхонаи хурдро муассиси (муассисони) он тасдиқ мекунанд.

Дар оиннома намуди корхона, номи он, мавқеи ҷойгиршавӣ, предмет ва мақсади фаъолият, органҳои идоракунӣ ва назорат, салоҳияти онҳо, тартиби ташкили молу мулки корхона, харида гирифтани он, тақсими фоида (даромад), шартҳои мубадалсозӣ ва қатъии фаъолият муайян мегарданд. Ба оиннома метавонанд, инчунин маълумотҳо дар бораи шумораи пешбинишудаи коркунон ва ҳаҷми фурӯши маҳсулот (кор, хизмат) ва дигарҳо дохил карда шаванд.

Механизми қонунии барпо кардани корхонаи хурд, ин қонун дар бораи моликият дар Тоҷикистон, қонун дар бораи иҷора дар Тоҷикистон, дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ, қарор дар бораи чораҳо оид ба ташкил ва тараққиёти корхонаҳои хурд ва ғайра мебошанд.

Сараввал бо мақсади ошкор кардани дараҷаи даромаднокӣ ва фоиданокии сохтани корхонаи хурд дар минтақаи додашуда, кори ҳисобкунӣ, асоснокии техникию иқтисодӣ гузаронидан лозим аст.

Нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодӣ, ки заминаи сохтани корхонаҳои хурд мебошанд, аз инҳо иборатанд:

мавҷудияти талабот ба маҳсулот, мол ва хизматҳо, ки дар корхонаи хурд
ба нақша гирифта шудаанд;

мавҷудияти ҳуҷҷатҳои конструкторӣ, технологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои
даркорӣ, ҳамчунин захираҳои илмӣ ва ғайра;

мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, ашёи хом ва захираҳои меҳнатӣ.

Ба мақсад мувофиқ шудани барпокунии корхонаи хурд омилҳои зерин муайян мекунанд: қонеъгардонии талабот ба намудҳои камёфти маҳсулот, мол, хизматрасонӣ, коркарди манбаъҳои маҳаллии ашёи хом ва таъмини шуғли аҳолӣ, зиёд кардани андозаи дохилшавӣ ба буҷаи маҳаллӣ ва ба муассиса.

пешина
аз 512
навбатӣ