Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоми созмони корхонаи хурд аз тарафи якчанд соҳибкор, аниқ тақсим кардани моликият байни онҳо ва андозаи иштирок дар идоракунӣ роли калон мебозад.

Агар муассисон, ё соҳибкорон якчанд нафар бошанд, беҳтар аст, шакли дигари самараноқ - ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд дар шакли муттаҳид сохтани маблағҳои алоҳида дар ширкат (корхона) мавриди истифода қарор гирад.

Корхонаи хурд фаъолияти хоҷагидории худро мустақилона ба амал бароварда, маҳсулоти истеҳсолшуда ва фоидаро, ки баъди пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии пешбинишуда боқӣ мемонад, ихтиёрдорӣ мекунад.
Муносибатҳо байни корхонаи хурд ва муассиси (муассисони) он бо Оинномаи корхонаи хурд ва дигар ҳуҷҷатҳои муассиса расман муайян карда мешаванд.

Шаклҳо, системаҳо ва ҳисоби музди меҳнат, инчунин дигар намуди даромадҳои коргаронро корхонаи хурд мустақилона, дар асоси санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ муқаррар мекунад.

б) Корхонаи муштарак.

Корхонаҳои муштарак ва корхонаҳои хориҷӣ чунин корхонаҳо мебошанд, ки дар онҳо ба ғайр аз ташкилоти ватанӣ ташкилоти мамлакати хориҷӣ низ иштирок мекунад. Онҳо барои истеҳсоли муштарак, фурӯши якҷояи маҳсулот, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, сохтмон, маслиҳату машваратҳои техникӣ, хизматрасонии таҷҳизотӣ, ба амал баровардани хизматҳои нақлиётӣ, молиявӣ, суғуртавӣ, хизматрасонии маишӣ барпо карда мешаванд.

Ба корхонаҳои муштарак, корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои савдой, идораку муассисаҳои дар амал татбиқкунанда ва дигар идораҳои хизматрасонӣ, ки фаъолияти хоҷагидориро аз номи худ, дар асоси моликияти умумӣ ва бо манфиати иштирокчиёни корхонаи муштарак ба амал мебардоранд, мансуб донистан мумкин аст.

Корхонаҳои муштарак, инчунин иттиҳодияҳои истеҳсолии муштараки
байналхалқие мебошанд, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти хоҷагидории ширкат
ва корхонаҳои алоҳида, мувофиқи қоидаҳои нигаҳдории моликият ба молу мулки
иштирокчиён, худхаридкунӣ ва худмаблағгузорӣ созмон дода мешаванд. Ҳангоми
зарурат ба иштирокчиёни чунин корхонаҳо ҳуқуқи қисман муттаҳид кардани

пешина
аз 512
навбатӣ