Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
молу мулки худ барои гузаронидани амалиётҳои алоҳидаи хоҷагӣ ва иҷрои фаъолият дар муҳлати дуру дароз дода шудааст. Ин корхонаҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ, ё бо иҷозати ҳукумат дар асоси шартномае, ки ҳамкорон бастаанд, барпо карда мешаванд. Дар доираи корхонаҳои муштарак ҳамкорон оид ба муттаҳид кардани захираҳои молиявӣ, дар шакли саҳмпулӣ оид ба фаъолияти ҳамҷоя, дар доираи истеҳсолу хизматрасонӣ ва дар бораи тақсими якуояи фоидаҳо ва фаъолияти таваккалӣ шартнома мебанданд. Муассисони корхонаи муштарак шахсони ҳуқуқӣ буда, фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории давлатӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои муассиси корхонаҳои муштарак шартнома ва оиннома ба амал мебароранд.
Корхонаҳои муштарак барномаҳои фаъолияташонро худашон коркард менамоянд ва тасдиқ мекунанд. Органҳои давлатӣ фурӯши маҳсулоти онҳоро кафолат намедиҳанд. Барои барпо кардани шароити мусоиди корӣ чунин корхонаҳо таҷҳизот, масолеҳ ва дигар молу мулке, ки барои ҷумҳурии мо аз тарафи ҳамкорони хориҷӣ аз ҳисоби ҳиссаи онҳо ба фонди оинномавии корхонаҳои муштарак оварда мешаванд, аз супоридани боҷи гумрукӣ озод мебошанд.
Молу мулки корхонаҳои муштарак ба таври маъмурӣ мусодира карда намешаванд. Корхонаҳои муштарак дар солҳои аввали ба қайд гирифта шуданашон андози имтиёзнок месупоранд.
Органҳои даҳлдори ватанӣ ҳуқуқ доранд, ки андозаи андозро паст кунанд, ё баъзе андоздиҳандагонро аз он пурра озод намоянд. Фоидаи корхонаҳои муштарак дар байни иштирокчиён, мутаносибан бо саҳмияи онҳо дар фонди оинномавӣ, тақсим карда мешавад. Як қисми фоида ҳангоми ба хориҷ гузаронидани он ба андозаи 20 фоиз андоз гузошта мешавад, агар дар ҳуҷҷатҳои тасдиқи ягон шарти дигар пешбинӣ нашуда бошад. Барпо кардани корхонаҳои муштарак ба мамолики хориҷӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳои зеринро ҳал намоянд: пешгӯиҳои якуоя, иҷрои кор ва ҳисоби ҷараёни молиявӣ гузаронида шаванд; усулҳои идоракунии корхонаи муштаракро тараққӣ диҳад, тадқиқотҳои якуояи илмӣ ташкил намоянд.
Ҳалли масъалаҳои кам кардани вақти ташкили корхонаҳои нав, истифодабарии технология ва техникии пешқадаму навтарин дар истеҳсолот,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё