Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
мекунад. Маҳз аз рӯи қоидаи Кантилон асоси соҳибкориро қобилияти пешбинӣ ва таваккал ташкил медиҳад.
Физиократҳо соҳибкорро таваккалин ба ояндаи номаълуми афзоиши нарх равонакардашуда мемонанд.
Адам Смит функцияи сармоя ва менеҷерро ҷудо карда менависад, ки фоидаи сармоягир ҳақмузди роҳбариро дар бар намегирад. Лекин функцияи соҳибкориро вай аз функцияи моликиятдорӣ ҷудо намекунад.
Асосгузори назарияи соҳибкорӣ иқтисодчии фаронсавӣ Жан Батист Сэй буда, вай фикру ақидаҳои аксари иқтисодчиён ва файласуфоне, ки дар замони ӯ зиндагонӣ мекарданд ҷамъ карда, концепсияи соҳибкориро пешниҳод намудааст.
Аз рӯи ақидаи Сэй мақоми соҳибкорӣ ин пеш аз ҳама ба ҳам пайвастани омилҳои истеҳсолӣ мебошад. Аз ин нигоҳ соҳибкориро чунин шарҳ медиҳад:
«Захирадоро аз ҳолати ҳосилнокии паст гирифта, ба ҳолати ҳосилнокии баланд ва даромаднокӣ расонидан» асоси соҳибкорӣст. Дар ин мафҳум мазмуни соҳибкорӣ бо маънои пуррааш оварда шудааст.
Умуман Ж.Б. Сэй хусусиятҳои хоси зерини фаъолияти соҳибкориро пешниҳод менамояд:
- пайвастани омилҳои истеҳсолӣ; * хислати эҷодии идоракунӣ; * мавҷуд будани қобилияти муайян кардани талабот; * ба худ гирифтани таваккал; * фоида гирифтан аз миёнаравӣ; * қобилияти ташкили шакли нави истеҳсолот; * қобилияти идоракунӣ доштани соҳибкорон; * фаҳмидани одамон ва таваккалкорӣ.
Иқтисодчии бузург Шумпетер дар инкишофи ояндаи назариявии соҳибкорӣ мақоми хоса дорад. Вай мақоми соҳибкориро дар алоқамандии коркарди назарияи инкишофи иқтисодӣ мебинад. Инкишоф гуфта, ин гузариши хоҷагии халқ аз як ҳолати аниқшуда ба ҳолати дигарро мемонанд. Дар мазмуни инкишоф, Шумпетер «ҷорӣ кардани комбинацияҳои нав»-ро мебинад. Дар навбати аввал ташкилотҳо комбинацияҳои навро дар дохили комбинацияҳои кӯҳна ҷорӣ карда, баъдан воситаҳои истеҳсолиро аз онҳо мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё