Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Шумпетер ҳисоб мекунад, «ки соҳибкорӣ субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад, ки функцияашон зорӣ намудани комбинатсияҳои нав буда, худ ҳамчун унсури фаъоли он баромад мекунанд».

Моҳияти фоидаи соҳибкориро омӯхта, Шумпетер қайд мекунад, ки «бе инкишоф фоидаи соҳибкорӣ вуҷуд надорад, бе фоида инкишоф вуҷуд надорад...». Бартарияти назарияи Шумпетер дар он мебошад, ки имконоти соҳибкориро дар иқтисодиёти марказонидашуда, аз нигоҳи он, ки дар он системаи навоварӣ низ вуҷуд дорад, зарур мешуморад.

Тадқиқоти моҳияти соҳибкорӣ дар корҳои мактаби иқтисодии немис В. Зомбарт ва М. Вебер низ дида мешаванд. Онҳо диққати асосиро ба равияҳои рӯҳию маънавӣ ва этикаи соҳибкорӣ доданд.

В. Зомбарт асоси назарияи худро ба сарчашмаи шахсиятии фаъолияти соҳибкорӣ мебахшад. Вай қайд мекунад, ки қобилияти соҳибкорӣ дар гурӯҳи алоҳидаи одамон пайдо мешаванд: - ҷанговарон, ташкилотчӣ ва тоҷирон.
Вобаста аз ин вай шаш гурӯҳи соҳибкоронро ҷудо мекунад: тороҷгар, феодал, корманди давлатӣ, ҷаллоб, тоҷир, косиб. Аз рӯи ақидаи Зомбарт инчунин ғайрати шаҳрвандӣ вуҷуд дорад, ки дар қарз кардан ва ҳисобу китоб фаъолияти соҳибкорӣ зоҳир мегардад. Инчунин вай равияҳои нажодию биологии соҳибкориро дида баромадааст. Аз рӯи ақидаи Зомбарт як гурӯҳи одамон, миллатҳое ҳастанд, ки рӯҳнан ба даст овардани чизи нав, соҳибкорӣ доранд, гурӯҳи дигар ин хел рӯҳна надоранд.

Аз нигоҳи протестантию этикии М. Вебер тасдиқ мекунад, ки рафтори капиталистӣ, ин ҳаракати расидан ба арзишҳои баланд мебошанд ва дар асоси ғункунӣ, ратсионализаторӣ ва худмаҳдудияткунӣ амалӣ мегардад.

Мутахассиси намоёни амрикоии П. Друкер моҳияти соҳибкориро таҳлил карда менависад, ки соҳибкорон «ҳаракат мекунанд, ки чизи нави аз кӯҳна фарқкунанда сохта, «материалҳоро» ба «захираҳо» табдил диҳанд, ё шакли захираҳоро дигар карда, онҳоро ба захираҳои самаранок табдил медиҳанд».
Друкер диққати асосиро ба он медиҳад, ки соҳибкор захираи иқтисодиро дар ҷое мебинад, ки дигарон ӯро дида наметавонанд. Фаҳмиши захираи иқтисодӣ хеле муҳим буда, имкон медиҳад, ки фикри пайдоиши фоидаи соҳибкориро намоем.

пешина
аз 512
навбатӣ