Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданАксари тадқиқотчиёни соҳибкорӣ диққати асосиро ба равияҳои рӯҳию мутаваззеҳии соҳибкорӣ медиҳанд. Мисол Т.К. Гинс дар асари худ «Соҳибкор» ин масъаларо хеле аниқ омӯхта, ба хулосае меояд, ки психологияи соҳибкорӣ хислатҳои зерин дорад:
- Соҳибкор доимо ба тарафи эҷодкорӣ, созандагӣ ва навоварӣ такя мекунад.
Ин ба вай имконият медиҳад, ки ақидаҳои навро кофтуков намуда, ҳаракат мекунад, ки онро дар корхонаи худ ҷорӣ намояд. - Соҳибкорон доимо ҳаракати васеъ кардани доираи фаъолияти худро доранд ва мехоҳанд, ки дар соҳае ҳокими мутлақ бошанд.
- Соҳибкорон хислати дилгармонаи хоҷагидорӣ дошта, ҳамеша боварӣ доранд, ки кори корхонаашон хуб мешавад.
- Соҳибкор хусусияти хоси фикрронии таҳлилӣ ва ҳисобукитобӣ дорад.
Моҳияти ду хислати охирони соҳибкор дар он мебошад, ки онҳо дар шароити номуайян меҳнат мекунанд. Ин номуайянӣ дар мавҷуд набудани ахбори дурусту аниқ оид ба ояндаи корӣ зоҳир шуда, соҳибкорон бо истифода аз қобилияти таҳлилии худ ин номаълумиро ба эҳтимолият, яъне ба эҳтимолияти хуб, ё бад табдил медиҳанд. Аз дигар тараф соҳибкор номаълумиро ба таваккали соҳибкорӣ табдил медиҳад.
Моҳияти навоварии соҳибкориро фаҳмида, қайд кардан зарур мебошад, ки онҳо дар давраҳои гуногун дар шаклҳои гуногун вуҷуд доштанд. Усулҳои гуногуни муайянкунии шаклҳои соҳтори соҳибкорӣ вуҷуд дорад.
Таҳлили усулҳои соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки типологияи онҳоро аз рӯи нишонаҳои зайл муайян созем: - Шаклҳои таърихии пайдоиш.
- Нишонагирии стратегӣ.
- Нишонагирии функсионалӣ.
- Муносибат ба навоварӣ.
- Натиҷаи мотиватсионӣ.
- Доираи фаъолият.
Шаклҳои таърихии пайдоиш. Ин нишона имконият медиҳад, ки ҷараёни тағйирёбии шакли фаъолияти соҳибкорӣ аз нигоҳи таърихӣ, давраҳои асосии инкишофи он баҳо дода шавад. Агар давраҳои эволютсияи соҳибкориро аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё