Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

аст, ки ҳатто дар Ҳиндустон ва Англия аз рӯи барномаи онҳо таълими менеҷерҳо ба роҳ монда шудааст.

Сарчашмаи дигари тайёр намудани кормандони идоракунанда дар Амрико ин ташкилоти АМА мебошад, ки аз соли 1923 инҷониб амал мекунад. Ин ташкилот, хусусан, барои менеҷери звенои миёна, мутахассис тайёр менамояд. Дар шароити ҳозира дар ташкилоти номбурда тақрибан 60 ҳазор одам, аз ҷумла шахсони кордону мутахассисони варзида ҷамъ омадаанд ва машғули коранд.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи таълим дар ин ассотсиатсия аз он иборат аст, ки дар он шогирдон дар шакли амалӣ таҷриба омӯхта, бо ҳуҷҷатҳои идоравӣ, дастурамалҳо, ҳисобот, мактубу пешниҳодот кор мебаранд. Дар шароити ҳозира, инчунин аксар ширкатҳои Амрико донишгоҳҳои худашонро ташкил кардаанд, ки дар онҳо таълим мувофиқи талаби худи онҳо ташкил карда шудааст. Масалан, ширкати «General Motors» донишкадаи олии худро дорад. Гуфтан ҷоиз аст, ки Амрико дар ҷаҳон якумин давлатест, ки ба масъалаи таълими кормандони идоракунанда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дигар давлатҳо, монанди Фаронса, Олмон бошанд, танҳо баъди ҷанги дуюми ҷаҳон чунин тарзи тайёр кардани кормандонро пеш гирифтанд.

Дар Тоҷикистон, ки як қисми таркибии Ҳукумати Шӯравӣ буд, барномаи таълимии марказонидашуда амал мекард. Алҳол, низ дар кишвари мо ин тарзи таълиму тадрис давом дорад. Агар аз рӯи нишондиҳандаи миқдори донишгоҳу донишкадаҳо баҳо диҳем, қариб ки дар таълимоти мактабҳои олӣ ва умуман системаи таълим ба фикри мо, ба таври зайл сурат мегирад:

  1. Дар навбати аввал интихоби касбии ҳар ҷавон на аз рӯи хоҳиши ӯ, балки аксар маврид аз рӯи имконият ва хоҳиши падару модар ва хешу табори муҳассилин сурат мегирад. Бевосита, чунин тарзи интихоби касб метавонад ба кори ояндаи мутахассис таъсири манфӣ расонад.

Бартараф кардани ин норасоиҳои ҷиддӣ, ба назари мо талаби худи истеҳсолот мебошад. Бинобар ин, дар истеҳсолот ҳамин гуна сохтори мустақили идоракунӣ ташкил кардан зарур аст, ки танҳо шахсони қобилиятноку боғайрат дар он кор карда тавонанд.

  1. Шумораи муҳассилин дар гурӯҳҳои таълимӣ зиёда аз 30 то 40 нафар иборат мебошад, ки таъсиру манфиатнокии таълимро 60-70 фоиз кам мекунад.
пешина
аз 512
навбатӣ