Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шумораи таълимгирандагон дар гурӯҳҳои таълимии Амрико бошад, аз 7-8 ва 12-15 кас зиёд нестанд.

  1. Дар донишкадҳои мо дар ҷараёни таълим ба назария диққати зиёд дода шуда, дар натиҷа худи устод аз истеҳсолот тамоман канда мешавад. Донишҷӯ ин равандро баръало ҳис мекунад, медонад, ки баъди хатми ӯ дар корхона аз ин гуфтаҳо манфиат кам аст ва ба барномаи таълимӣ бе ягон масъулият муносибат мекунад.

Аз ин сабаб, дар барномаи таълимии донишгоҳҳо ворид кардани тағйироти куллӣ зарур мебошад, ки ба амалия мувофиқат намояд.

  1. Масъалаи аз ҳама муҳим ин аст, ки дар аксари донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон синну соли дотсентҳо, профессорҳо аз 50 сола боло мебошад. Бахши зиёди ин олимон дар гузариш ба шакли нави таълим мушкилӣ мекашанд ва дигар кардани тарзу сохтори таълимии онҳо душвор аст. Бартараф кардани ин камбудӣ, ба фикри мо, бо роҳи ҳар 3-5 сол ташкил кардани комиссияҳои аттестатсионӣ ва муайян кардани маоши устодон вобаста аз дараҷаи дониши онҳо имкон дорад.

Роҳи дигари ҳалли масъала ин ба олимони ҷавон имконияти пурраи омӯзиш ва таълимро муҳайё кардан аст. Вобаста ба ин ҳалли масъалаи додани унвон, муайян кардани зинаи кори илмиву боздеҳи он зарур мебошад.

  1. Дар идоракунӣ ба мисли дигар соҳаҳо омили асосӣ инсон мебошад. Бинобар ин вазифаи муҳими ин соҳа баҳисобгирии сифатҳои иҷтимоию равонии ҳар як фард аст. Бартарияти шахсияти ҳар фард, пеш аз ҳама, дар боварии ӯ ба худаш аён мегардад. Чунин сифатро ӯ маҳз бояд дар вақти таълим гирифтан дар донишгоҳ пайдо кунад.

Ба назари мо шахси роҳбар барои он, ки пешбарандаи истеҳсолот шавад, нахуст бояд дорои чунин сифатҳо бошад:

  1. Ташаббускор будан, ба чизи нав зуд сарфаҳм рафтан, мустақил, кордон ва боғайрат будан.

  2. Сифатҳои тарбиявию маънавии шахсро эътирофу эҳтиром намояд, ҳақиқатпараст, оддӣ ва хоксор бошад.

пешина
аз 512
навбатӣ