Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
соҳибкор пешрафту муваффақияти фаъолияти худро танҳо аз ҳисоби даромади бадастомада метавонад ташкил ва таъмин намояд.
Муваффақияти тиҷоратиро дар аксари маврид мақсади ягонаи соҳибкорӣ ҳисобидан мумкин аст. Ин албатта, дуруст аст, зеро ки соҳибкор агар даромад нагирад, ҳеҷ гоҳ ин, ё он корро оғоз нахоҳад кард. Дар давраҳои аввали фаъолияти соҳибкорӣ чун қоида, ҷидду ҷаҳд барои ба ҳадди баланд бардоштани фоида бартарӣ дошт. Лекин дар давраҳои минбаъда ба доираи фаъолияти соҳибкорӣ мақсадҳои дигар низ дохил мегардидаанд. Моҳияти онҳо дар худи кор инъикос гардидааст. Ҷидду ҷаҳд барои таъмини муваффақият, васеъ кардани доираҳои таъсиррасонӣ аз ҳамин зумраанд. Аз ин рӯ соҳибкорон барои маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, мубориза ба муқобили қашшоқӣ ва ғайра маблағ ҷудо карда, бо ҳамин дар ҳалли масоилҳои иҷтимоии ҷамъият ширкат меварзанд.
Соҳибкориро бе навоварӣ ва ҷустуҷӯи эҷодӣ наметавон тасаввур кард.
Дар шароити муборизаи тезутунди рақобат ҳеҷ чизро тағйир надода, аз ҳисоби болоравии нарх ба зиёд кардани фоида умед бастан ғайриимкон аст. Фақат ҳамон кас имконияти нигоҳ доштани қобилияти худро дорад, ки сифати маҳсулоташ баланд ва маҳсулоташ мунтазам нав мешаваду хароҷотҳояш нисбатан каманд. Барои ин ҳамеша дар бораи технологияи нав, тақмилдиҳии ташкили истеҳсолот ва фурӯш фикр кардану тадбир андешидан лозим меояд.
Қобилияти қабул кардани қарорҳои ғайристандартӣ, баҳои эҷодии вазъият ҳама вақт барои соҳибкор аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Вобаста ба ин ду модел рафтори соҳибкориро ҷудо мекунанд: классикӣ ва навоварона. Хусусияти фарқкунандаи модели якум аз он иборат аст, ки соҳибкор мекушад фаъолияти худро бо назардошти боздеҳи ҳадди болоӣ аз захираҳои дар ихтиёри компания, ё ширкат буда, ташкил намояд. Ин намуди фаъолияти соҳибкорӣ масъалаҳои ҳалшавандаро бо захираҳои нақд муқоиса карда, бартаран он воситаҳои ба даст овардани мақсадро интихоб мекунад, ки самаранокии баландтарини истифодабарии захираҳоро таъмин менамоянд.
Модели дуюм на ба захираҳо, балки ба имкониятҳо такя мекунад. Дар ин ҳолат соҳибкор метавонад ба миқдори кифоя захираҳои худиро барои иҷрои мақсад надошта бошад. Бинобар ин, соҳибкор ҳар гуна имкониятро барои тараққиёти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё