Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

истеҳсолот истифода мебарад. Захираҳои дохилӣ ва беруниро ҷалб карда, соҳибкор шакли бештар мусоиду муфиди инкишофи истеҳсолотро интихоб мекунад.

Нақши навоварӣ, махсусан дар вақтҳои охир афзудааст. Рушди илму техника, афзудани талабот ба устуворӣ, сифат ва дигар нишонаву хусусиятҳои маҳсулот, аксари ширкатҳоро маҷбур месозад, ки доимо дар ҷустуҷӯи қарорҳои қатъиян нави техникию технологӣ бошанд. Дар даҳсолаи охир дар бисёр мамлакатҳои Ғарб болоравии соҳибкории майдони таҳқиқталаб мушоҳида мешавад. Давлат ҳам ба тараққиёти чунин соҳибкорӣ ҳавасманд аст, чунки ширкатҳои калон барои татбиқи лоиҳаҳои илмию техникӣ маблағ ҷудо намекунанд.

Яке аз аломатҳои махсуси соҳибкорӣ таваккалкории хоҷагидорӣ ва масъулияти доимӣ мебошад. Ин мафҳумҳо агарчанде ба якдигар хеле алоқаманд бошанд ҳам, лекин ҳаммаъно нестанд. Таваккал номуайянӣ, пешгӯинашавандагиро мефаҳмонад ва ҳангоми ҳисобкуниҳо ва пешгӯиҳои ниҳоят аниқ ҳам омили пешгӯинашавандаро бартараф кардан имконнопазир аст. Таваккалро на ҳама вақт аз ҷиҳати иқтисодӣ баҳо додан мумкин аст. Масъулият бошад, чун қоида, мушаххас аст ва онро бо нишондиҳандаҳои мувофиқ ба таври кифоя аниқ ифода кардан мумкин аст. Ҳамгироии ин ду омил аз соҳибкор дараҷаи баланди кордонӣ ва ӯҳдабароӣ, муҳаррикӣ, рақобат карда тавонистанро талаб мекунад. Болоравӣ ва пастравиҳо дар ин ҷода ногузиранд. Асоси таваккали хоҷагидориро таносуби байни хароҷоту натиҷаҳои эҳтимолӣ ва аниқ ташкил медиҳад. Агар нархи молҳои истеҳсолшуда хароҷотро напӯшонанд, пас ин чунин маъно дорад: ё соҳибкор натавонист, ки фаъолияти худро самаранок ташкил кунад, ё сохтори таъмин кардаи он номусоид сурат гирифт. Ин ҳолат зарурияти назорати доимиро аз болои пайдарпаии шароити истеҳсолот тақозо мекунад. Чунин зарурӣ соҳибкорро дар ҳолати шиддатнок нигоҳ медорад ва ӯ мекушад, ки онро ба ҳамаи иштирокчиёни истеҳсолот диҳад.

Ба аломатҳои соҳибкорӣ баъзан мавҷудияти ҳуқуқи моликиятро ба воситаҳои истеҳсолот мансуб медонанд. Лекин оё соҳибкор моликиятдор мебошад? Маълум аст, ки ҳанӯз дар асри гузашта сармояи моликият аз сармояи функсия ҷудо шуда буд. Раванди қабули қарорҳо торафт аз соҳиби сармоя ба

пешина
аз 512
навбатӣ