Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Барои инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои муайян лозиманд. Заминаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди фаъолияти соҳибкориро ба чор гурӯҳ муттаҳид кардан мумкин аст: иқтисодӣ, сиёсӣ, рӯҳӣ ва ҳуқуқӣ.

Муҳимтарин шарти иқтисодии авҷи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷамъияти мо ғайридавлатӣ, махсусан, хусусигардонии моликият мебошад. Моликияти давлатӣ ва системаи хоҷадорие, ки он ба майдон овардааст, барои соҳибкорӣ номақбуланд. Ғайридавлатикунонӣ барои гузариш ба иқтисоди омехта замина тайёр карда, барои соҳибкорӣ асос фароҳам овардааст. Дар давраҳои аввал соҳибкорӣ бештар дар соҳаҳое, ки гардиши сармоя дар онҳо суръатнок аст, ба мисли соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонӣ ва ғайраҳо тараққӣ хоҳад кард.

Ғайридавлатикунонии моликиятро якҷоя бо иҷрои чораҳои зиддимонополии ҳаёти хоҷагӣ ба амал баровардан муҳим аст. Умуман, ҷидду ҷаҳд ба монополия ва мавқеи махсус ба соҳибкор ҳама вақт хос аст, чунки вай шартҳои худро пешниҳод карда, мекушад иродаи худро ба дигарон бор кунад. Лекин бозор имконият намедиҳад, ки чунин вазъият дуру дароз нигоҳ дошта шавад. Дар иқтисоди бозорӣ монополизмро рақобат ба вуҷуд меорад, дар системаи фармонфармоӣ бошад, вай аз дараҷаи баланди марказонидашудаи ҳаёти хоҷагӣ сарчашма мегирад. Бинобар ин зарур аст, ки самтҳои сиёсати зиддимонопористӣ муайян шуда, қонунгузории зиддимонопористӣ бо иҷрои чорабиниҳои иқтисодӣ дар ин соҳа мустаҳкам гарданд. Дар ин ҷода ғайримарказонидани идоракунӣ роли калон мебозад. Лозим аст, ки аз баҳри сохторҳои кӯҳнашудаи идоракунӣ баромада, ба системаи функционалии идоракунӣ гузашта шавад.

Дар мубориза ба муқобили монополизм ва барпо кардани шароитҳо барои инкишофи соҳибкорӣ рақобат нақши махсус мебозад. Хоҷагидорӣ барои соҳибкор ин маънои рақобат карданро дорад. Дар бораи пурзӯр шудани асосҳои рақобат заминаҳои муайян талаб карда мешаванд. Масалан, маҳсулоти якҷинса бояд аз тарафи якчанд истеҳсолкунанда бароварда шавад. Дар Ғарб шумораи муътадили истеҳсолкунандагон 8-15, вале на камтар аз 4-5 адад аст. Воситаи пурсамари ҳалли ин масъала барпо кардани истеҳсолоти гуногуннамуд мебошад.

Фаъолияти худро оғоз карда, соҳибкор бояд донад: якум, аз куҷо ва чӣ хел вай захираҳои моддӣ ва техникиро хоҳад гирифт; дуюм, оё метавонад ба

пешина
аз 512
навбатӣ