Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
истеъмолкунандагонро ба шумораи маҳдуди таъминкунандагон сахт вобаста намудааст, нигоҳ дошта мешавад. Ҳамаи ин ба таври қатъӣ имкониятҳои соҳибкории соҳибқудрат, таъсирбахши қоидаи ҳавасмандии иқтисодии шахсиро паст мекунад, ки ин хоҳиши таваккал карданро заиф мегардонад. Гарчанде, ки наҳъняти асосҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ тағйир ёфта истодааст. Табиист, ки муносибатҳои соҳибкорӣ дар мамлакати мо ташаккул ёфтаистода, ҳанӯз номукаммаланд.
Яке аз зуҳуротҳои дараҷаи камолоти фаъолияти соҳибкорӣ, ин тарзи ташкили он аст. Вай метавонад пароканда ва мутташаккилона бошад.
Соҳибкории пароканда ҳангоми набудани механизми танзими давлатӣ ва худтанзимкунии ин соҳа тараққӣ мекунад ва барои зинаҳои ибтидоии муносибатҳои соҳибкорӣ хос аст. Номуташаккилӣ, набудани интизом ва тартиботро гоҳо ҳамчун, яке аз аломатҳои соҳибкорӣ меҳисобанд. Дар асл вай шакли муайяни ташкил аст ва берун аз он бомуваффақият инкишоф ёфта наметавонад. Ғайр аз ин, аз рӯи дараҷаи шакли ташкил (асосҳои ташкилӣ) аз бисёр ҷиҳат оиди хислати инкишофи муносибатҳои бозорӣ сухан гуфтан мумкин аст.
Ба қатори аломатҳои мукаммалии соҳибкорӣ, мувофиқати он ба қонунгузорӣ низ дохил мешавад.
Фаъолияти соҳибкорӣ қонунист, агар мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқии аз тарафи давлат муқарраршуда пеш бурда шавад. Дар мамлакатҳои Ғарб қонунҳои махсус оид ба соҳибкорӣ вуҷуд надоранд. Он дар асоси конститутсия, қонунгузории шаҳрвандӣ, дигар санадҳои қонунгузорӣ, ки фаъолияти хоҷагӣ, тартиботи барпо ва амал кардани ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ширкатҳо, дигар ташкилотҳои хоҷагиро ба тартиб медароранд, танзим карда мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ бисёр муҳим аст, зеро алкалан ба ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқҳои баробар барои фаъолияти соҳибкорӣ дода, ин амалро бо кафолатҳои мувофиқ мустаҳкам мекунад. Лекин бо сабаби ба дигар қонунҳо мувофиқ наомадан ва эъломӣ буданаш аксарияти соҳибкоронро қонеъ намегардонад. Барои таъмини базаи устувори ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ коркарди механизми муназзами иҷрои қонуни мазкур ва татбиқи он дар амалия зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё