Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

созмон додани ҷамъиятҳо, ассотсиатсияҳо ва дигар иттиҳодияҳои соҳибкорон;

дар суд (арбитраж) бо тартиби муқарраршуда мубоҳиса кардани шахсони ҳуқуқӣ, органҳои идоракунии давлатӣ.
Уҳдадориҳои соҳибкор.
Соҳибкор вазифадор аст:

уҳдадориҳои аз қонунгузорӣ ва шартномаҳо, аз он ҷумла, аз шартномаи бо соҳиби молу мулки корхона басташуда барояндаро иҷро намояд;

мувофиқи қонунгузорӣ мустақилона ва ё аз номи корхона бо шаҳрвандон бо тарзи кироя коркунанда ва ё органҳои ваколатдори онҳо шартномаҳои меҳнатӣ бандад;

бо ҳамаи коркунони корхона мувофиқи шартномаҳои басташуда новобаста аз ҳолати молиявии корхона ҳисобӣ кунад;

барои суғуртакунонии иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои суғуртаи қатмии шаҳрвандон бо тариқи кироя коркунандаро иҷро карда, барои фаъолияти меҳнатии онҳо мувофиқи қонунгузорӣ ва шартномаи коллективӣ шароит муҳайё созад;

қарорҳои органҳои марказӣ ва маҳаллии ҳокимиятро оид ба ҳимояи иҷтимоии маъюбон ва дигар ашхоси қобилияти меҳнатишон маҳдуд иҷро кунад;

саривақт пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи даромадҳои корхона ва супоридани андоз бо тартиб ва андозае, ки қонунгузорӣ муайян кардааст;

дар бораи муфлисшавии корхона дар ҳолати номумкин гаштани иҷрои уҳдадориҳо дар назди кредиторҳо арз кунад.

Зиёда аз ин, соҳибкор барои нодуруст ё нопурра иҷро шудани шартномаҳои басташуда, вайрон кардани ҳуқуқи моликияти дигар субъектҳо, ифлоскунии муҳити атроф, риоя накардани шароити бехатарии меҳнат, вайрон кардани қонунгузории зиддимонополӣ, фурӯхтани маҳсулоти ба саломатии одамон зараровар ҷавобгар аст.

Соҳибкор дар назди кредиторҳо барои молу мулки корхона мувофиқи шакли ташкилию ҳуқуқии он ҷавоб мегӯяд.

пешина
аз 512
навбатӣ