Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар асри XVI-XIX дар ҷамъияти инсонӣ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад, ки ба фаъолиятҳои гуногуни одамон таъсири худро расонид, аз он ҷумла ба соҳибкорӣ. Дар асри XVIII, тақсимоти охирони функцияи пешниҳоди сармоя ва функцияи соҳибкорӣ ки сармояро маҷбур месохт, ки кор кунад, пайдо мегардад. Шаклҳои нави ташкилотҳо ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ пайдо гаштаанд, ки ба субъектҳои ҳозираи хоҷагидорӣ монанд буданд ва баъзе онҳо ҳатто то замони мо боқӣ мондааст. Бояд қайд кард, ки фаҳмишҳои соҳибкор ва соҳибкорӣ аллакай аз ҳам ҷудо карда мешуд. Мисол дар Олмон соҳибкор ва соҳибкорӣ ин мафҳуми ҳокимият ва моликиятро дошт. Дар Англия бошад соҳибкор гуфта, шахсонеро мегуфтанд, ки ягон фаъолиятро сар мекарданд. Дар Тоҷикистони пешин низ косибон, равғанкаш, шароббарор, хазинадор, заминдор, заргаронро соҳибкор мегуфтанд.

Хусусияти хоси соҳибкорӣ ин мавҷуд будани таваккал дар фаъолият. Дар ҳама давру замон ба соҳибкор таваккал ҳамроҳ мебошад. Дар аввали асри XX дар натиҷаи муттаҳид кардан ва мураккабшавии корхонаҳо аллакай қисмҳои сохтории техникӣ, молиявӣ ва маъмурӣ пайдо мегардад. Дар натиҷа ҷараёни фаъолияти соҳибкорӣ функцияи идоракуниро ҷудо мекунад, ки менеҷерон тавлид меёбанд.

Нуқтаҳои назари Р. Кантилон, Бадо, Ж.Б. Сэя, Хизрич ва М.Петерс аллакай сохтори функционалиеро пайдо месозад, ки функцияи пешниҳоди захираҳо $F_3$ алоҳида ҷудо карда мешавад.

пешина
аз 512
навбатӣ