Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

То солҳои 40-ум асри ХХ шахсеро менеҷер мегуфтанд, ки корхонаро медонад ва идора мекунад. Мафҳуми “соҳибкор” инчунин шахсонеро ифода мекунад, ки онҳо чӣ дар корхонаҳои хусусӣ ва чӣ дар сектори давлатӣ корхонаҳоро идора мекарданд. Д. Лейтнер, соҳибкорро баҳо дода соли 1926 менависад, ки “соҳибкор” — сардори бообрӯи корхона буда, ҳуқуқи соҳибии молу мулкро дорад ва онро барои манфиати хусусии хоҷагидорӣ ташкил мекунад. Доир ба пайдо кардани воситаҳои пулӣ ва интихоби коргарон ғамхорӣ мекунад. Барои гирифтани фоидаи хоҷагӣ мақоми ҳалкунандаро сифатҳои шахсии соҳибкор мебозад, яъне дуруст андеша кардан дар соҳаи бозор, қобилияти ташкилотчигӣ ва тақсимотчигӣ доштан аст. Роҳбари корхона — сардори тамоми механизми хоҷагидории корхона мебошад.

Дар миёнаи асри ХХ дар баробари афзоиши босуръати ахборӣ барои қабули қарори идоракунӣ зарур, мураккабии идоракунӣ пайдо гашт, ки аллакай бо раванди яккасардорӣ на корхона, балки филиалҳои хурдро идора кардан мушкил буд. Маҳз дар ҳамин давра ташаккулёбии менеҷерон сар мешавад. Соҳибкор маҷбур мешавад, ки функцияи идоракунии сохторҳои алоҳидаи соҳибкориро ба идоракундагони кироя-менеҷерон диҳад (Нигаред ба расми 7). Сохтори функционалии ҷараёни соҳибкорӣ ки аз 5 унсур иборат аст.

Расми 7. Сохтори функционалии раванди соҳибкорӣ - додани идоракунӣ ба менеҷерон.

пешина
аз 512
навбатӣ