Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Фаҳмиши замонавии соҳибкорӣ ва функцияҳои он дар миёнаи асри XX ташаккул ёфтааст. Мақоми калонро дар омӯзиши ҷараёни соҳибкорӣ ва функцияҳои соҳибкорӣ асарҳои иқтисодчиён Йозеф Шумпетер, Питер Друкер ва Роберт Хизрич мебозанд.

Дар фаҳмиши имрӯза соҳибкор ин пеш аз ҳама навовар, шахсе, ки имконотҳои нав ҷустуҷӯ менамояд, ё онро месозад. Мувофиқи ақидаи И.Шумпетер, соҳибкор ин шахсе, ки роҳи нав сохта комбинатсияҳои зерини навро ҷорӣ мекунад.

  1. Барпо кардани чизи нав, ки ба истеъмолкунанда маълум нест, ё ин ки чизи пештара бо сифатҳои нав.

  2. Ҷорӣ кардани навоварие, ки ҳанӯз дар тарзи истеҳсолоти саноатӣ истифода карда нашудааст.

  3. Азхуд кардани бозори нави фурӯши мол ва истифодаи васеи пешина.

  4. Истифодаи намуди нави ашё, ё ашёи нимхом, ки пеш маълум буд, ё маълум набуд.

  5. Ҷорӣ кардани шаклҳои нави ташкили кор, монополия, ё тақсимоти функцияҳо.

Вазифаи соҳибкорон аз рӯи ақидаи И.Шумпетер - «Ислоҳот ва инқилоб дар тарзи истеҳсолот бо роҳи ҷорӣ намудани навоварӣ, яъне истифодабарии имконотҳои технологӣ барои истеҳсоли молҳои нав, ё молҳои пешина бо усули нав, пайдоиши сарчашмаҳои нави ашё ва бозори нави маҳсулот ҳатто дигаргунсозии соҳаи пешина ва ташкили соҳаи нави саноатӣ сурат мегирад».

Аз рӯи ақидаи Р. Хизрич «Соҳибкорӣ фаъолияти навоварӣ, ки арзишҳоро ба худ дошта, вақт ва қувваро талаб карда, дар худ масъулияти молиявӣ, маънавӣ, иҷтимоиро гирифта, дар натиҷа даромади пулӣ ва қаноатмандии шахсиро ба даст меорад».

Ба ақидаи П. Друкер: «Соҳибкор - ин ҷараёни фаъолияти муназзам-кунонидашудаи навоварӣ, яъне ҷустуҷӯ ва истифодаи имконотҳои нави таъмин намудани хоҳиш ва талаботҳои башарӣ» мебошад.

Муваффақиятҳои соҳибкориро дар вақти ҷорӣ намудани тамоми ақидаи нав ба даст овардан мумкин аст.

пешина
аз 512
навбатӣ