Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Соҳибкор, ин функцияи соҳибкории худро иҷро менамояд ва шахсе, ки ба ӯ дигар вазифаҳоро месупорад, субъекти соҳибкорӣ номида мешаванд. В.М. Яковлев се субъекти мустақили соҳибкориро ҷудо месозад.
М - моликиятдор, С - соҳибкор, Мр-менеҷер. Барои корхонаҳои соҳибкории истеҳсолӣ субъекти иловагӣ И-иҷрокунанда илова карда мешавад, ки онҳо категорияҳои алоҳида чун олимон, муҳандисон, ихтирокорон мебошанд. Ин субъектҳо барои тамоми намуди соҳибкорӣ шарт ва зарур мебошад. Инчунин дар раванди соҳибкорӣ субъекти шашум F6 — истеъмолкунандаро дохил кардан зарур аст.
Бо истифода аз истилоҳот гуфтан мумкин аст, ки тамоми ҷараёни соҳибкорӣ дар асоси шаш субъект аст: соҳибкор (С), моликиятдор (М), менеҷер (Мр), генератори ақидаҳо (Г), иҷрокунанда (И) ва истеъмолкунанда (ИС). Ҳар як субъекти соҳибкорӣ функцияҳои худро амалӣ мегардонад. Таърихи соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки шаш функцияи номбаршуда ғайр аз якум метавонанд, ки аз тарафи дигар одамон амалӣ гарданд. Яъне фақат функцияи $F_1$ - муайян кардани талабот, ҷустуҷӯи таъмин кардани он бо роҳи кор карда баромадани ақидаҳои нави соҳибкорӣ ва ташкили сохторҳо барои он — ин функцияи махсуси асосӣ ва яккаву ягонаи соҳибкорӣ мебошад.
Аз нигоҳи таҳлили функционалӣ функцияе, ки барои сохтори соҳибкорӣ муайян шудааст, дар шакли зерин навишта мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё