Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

F = [D,G,H] дар ин ҷо:
D — фаъолият (муайян кардан ва қаноатманд кардан) G — объекте, ки фаъолият бо он равона шудааст.
Н — шароитҳои махсус ё шароитҳои маҳдудкунанда.
Аз ин нигоҳ аввали солҳои 50-ум функцияи соҳибкориро М.Смолл чунин шарҳ медиҳад: «Талаботро ёфтан ва қонеъ гардонидани он».

Чунин савол ба миён меояд, ки чӣ мешуд агар мо аз ҷараёни соҳибкорӣ функсияи «соҳибкориро» мегирифтем. Таҳлили функционалӣ нишон медиҳад, ки сохтори соҳибкорӣ бе ин кор карда наметавонад. Дар Тоҷикистон имрӯз аксари корхонаҳо дар чунин ҳолат мебошанд, соҳибмулк ҳаст, коргарон ҳастанд, менеҷерон, сармуҳандис, сардори шӯъбаҳо, захираҳои зарурӣ, ақидаҳои зарурӣ ҳастанд, вале субъекти асосӣ соҳибкор нест. Дар зиёда аз 90% корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон фаъолияти навоварӣ дида намешавад. Бинобар ин иқтисоди мамлакат мувофиқи талабот пеш нарафта, корхонаҳо муфлис шудаанд.

Мо бояд як чизро фаҳмем, дарк намоем, ки танҳо соҳибкорон, шахсони қобилиятноке, ки метавонанд тамоми масъулияти инкишофи рушди илмию техникиро ба зимма гиранд ва аксари маврид худ онҳо ихтироъкор буда, имкони аз вазъияти касодӣ баровардани иқтисодиётдоронд. П. Друкер таъсири соҳибкориро ба иқтисодиёт таҳлил карда менависад, ки «соҳибкорӣ ин як ҳодисаи метаиқтисодие мебошад, ки таъсири хеле муҳим ба иқтисодиёт расонида, вайро ташкил мекунад, ҳатто захираҳоро аз беруни он пайдо карда, самаранокии онро муайян мекунад, ки аслан аз рӯи моҳияти худ ҳодисаҳои иқтисодӣ нестанд. Таҳлили функционалӣ инро пурра исбот мекунад. П. Друкер менависад, ки қонунияти объективии инкишофи соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти башарӣ, аз он ҷумла қонуни инкишофи техникӣ асоси корин «ҷаҳони кордонҳо»
мебошанд.

Бинобар ин, дар омӯзиши фанни менеҷмент мо бояд ба он фанҳое диққат диҳем, ки донишҷӯёни кордонӣ, навоварӣ ва амалигардонии функцияҳои соҳибкориро дар таҷриба ҳамчун асоси маъмули фаъолияти соҳибкорӣ меомӯзанд.

Ғайр аз ин бояд фанҳое омӯхта шаванд, ки қобилияти касбии соҳибкориро
баланд мебардоранд. Ин пеш аз ҳама тақсимоти захираҳо ва истифодабарии он

пешина
аз 512
навбатӣ