Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
16.4. Илм ва санъати идоракунии менеҷер
Вобаста бо қонунияти баландшавии сифати фаъолияти роҳбарӣ барои он дар санъати идоракунӣ бояд навовариҳои муайян шарти зарурӣ бошанд.
Қабл аз ҳама, ин зиёд шудани мустақилияти корхонаҳо ва баланд шудани нақши роҳбаронро тақозо мекунад. Дар чунин шароит кори корхона ба тарзи ҳалли кор аз ҷониби роҳбар вобаста мебошад.
Дараҷаи маълумоти умумӣ ва маҳсули меҳнати коргароне, ки ба роҳбар итоат мекунанд, доимо баланд шуда истад. Ин имконият медиҳад, ки навовариро дар корхона ташкил кунем.
Вобаста ба пешравии илму техника талабот ба кори роҳбарӣ боз ҳам меафзояд. Ин нукта, пеш аз ҳама, аз роҳбар талаб мекунад, ки масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро низ ҳаллу фасл намояд.
Дар баробари ин дар идоракунӣ месозад, ки ҷиҳати дигар зарур дониста шавад, яъне нақши муҳим бозидани сифатҳои шахсӣ ва санъату қобилияти ҳар роҳбарро низ дар ин самт таъкид намудан шарт аст.
Санъати идоракунӣ ва қобилият дар навбати аввал, агар табиатан бошад ҳам, инчунин ба синну сол низ вобастагии калон доранд. Масалан, муайян карда шудааст, ки роҳбарони то синни 50-сола интихобшуда дар вақти идоракунӣ бартарияти бештар доранд.
Менеҷерро зарур аст, ки доимо идоракунӣ ва илмро аз якдигар ҷудо накарда, бахши идоракуниро бо роҳи илмӣ ташкил намуда пеш барад. Идоракунӣ вазифаи мушкил аст, чунки ҳар шахси ба вазифаи роҳбарӣ омада тарзу усули роҳбарии худро пешниҳод мекунад.
Тарзи идоракунӣ, пеш аз ҳама, ба амалиёти берунаи идоракунӣ, яъне демократӣ, яккароҳбарӣ ва якҷоягӣ дар идоракунӣ вобастагӣ дорад. Инчунин ба хислати шахсии роҳбар, тарзи зиндагии он дар ҷамъият ва оила низ марбут мебошад. Чунки роҳбар ба тарбияи дигарон машғул шуда, ба тарбияи кӯдакон ва тарбияи худ вақт намеёбад. Ва ин, пеш аз ҳама, ба он муҳите ки ӯро иҳота кардааст, алоқаманд аст.
Дар амалиёти идоракунӣ усули кории шахсии роҳбар низ аҳамияти калон дорад. Ин ба дараҷаи тақсимоти меҳнат, ташкили дурусти меҳнату ис

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё