Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

вобаста мебошад. Санъати идоракунии ҳар роҳбар дар фаъолияти шахсӣ, аз услуби истифоданамудаи ӯ дар идоракунӣ аён мешавад, ки ин дар оянда ҳамчун унсури асосии санъати идоракунии ҳар шахс ҳисобида мешавад. Дар иҷрои дурусти техники идоракунӣ нақши муҳимро мутахассисон ва коргарони ёрирасон мебозанд.

Менеҷер бояд хоҳиши ба ҷои дигарон кор карданро надошта бошад. Чунин хоҳиш бевосита дар роҳбар пайдо мешавад, зеро: якум, роҳбар ин худаш мутахассис аст ва вариантҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳоро шахсан пешниҳод мекунад, дуюм, албатта мутахассиси хуб аст, иҷрои кор аз тарафи ӯ беҳтару хубтар сурат мегирад.

Агар кор ба чунин шакл сурат бигирад, ин хароҷоти беҳудаи вақти роҳбар буда, ӯ мақоми ташкилкунандаи худро гум мекунад.

Санъати муносибат бо коргарон, яке аз паҳлӯҳои муҳими санъати роҳбарӣ мебошад. Ҷараёни роҳбарӣ, пеш аз ҳама, ин муносибати бевоситаи роҳбар бо коргарон ва дар асоси ҳуҷҷат, ҳуқуқ ва вазифа иҷро гардидани он мебошад. Чунин амал бояд дар асоси механизми дурусти хоҷагидорӣ ба роҳ монда шавад, то ин ки ба иҷрои ягон унсури амалиёти роҳбар садди роҳ нашавад. Роҳбарро зарур аст, ки дар корхона коргарон мувофиқи ирода, хоҳиш ва талаботи ӯ амал намоянд. Ҳар қадар, ки дар корхона вазифа ва ҳуқуқи коргар дуруст ба роҳ монда шуда бошад, ҳамон андоза барои роҳбар вақти иловагӣ пайдо мешавад. Ташкил кардани чунин муҳити муфиди идоракунӣ ба санъати кордонии худи менеҷер зич алоқаманд аст.

Яке аз вазифаҳои дигари менеҷер ин омӯзиши рӯҳияи коргарон аст. Дар идоракунӣ ин ҷараён нақши муҳим мебозад, зеро роҳбарро зарур аст, ки дар муддати кӯтоҳ яъне на бештар аз як-ду ҳафта муҳит ва рӯҳияи коллективро пурра аз бар намояд. Омӯзиши ҷараёни мазкур беҳтар аст бо роҳи гузаронидани сӯҳбатҳои алоҳида, машварату ҷамъомадҳо сурат бигирад. Дар амалиёти ҳаррӯзаи роҳбар бошад, муносибати психологӣ бо ҳар мутахассис ва коргар дида мешавад. Амалиёти психологию ҳар шахс бевосита аз маданиятнокӣ, тарбия дар оила ва дараҷаи донишу маълумоти ӯ вобаста аст. Аз ин ҷо роҳбар бояд дар вақти сӯҳбат бо шахсе, ки курси бухгалтериро хатм намудааст, дараҷаи инкишофи психологию онро ба ҳисоб гирад.

пешина
аз 512
навбатӣ