Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Силсилаи фармоиш-пардохт. Маркази асосии системаи ҳисоботҳои дохилиро ташкил мекунанд. Шӯъбаи фурӯш ба мизоҷон санад-ҳисоб пешниҳод намуда, нусхаашро ба дигар шӯъбаҳо равон месозад. Фурӯши мол дар асоси борхат ва ҳуҷҷати пардохти маблағ сурат гирифта, нусхаашро ба дигар шӯъбаҳо равон месозанд. Барои ташкилотҳо зарур мебошад, ки ин амалиётҳо аниқ ва тез иҷро шаванд. Солҳои охир аксари харидорон фармоишоти худро ба воситаи почтаи электронӣ равон карда, шӯъбаи ҳисоботҳо тез ҳисобу китоб карда, ҳуҷҷат пешниҳод менамояд.

  2. Системаи назорати фурӯш. Менеҷерон доир ба маркетинг бояд саривақт ахбори фурӯши молро дошта бошанд. Технологияи компютерӣ оиди ин масъала инқилоби бузургро ба вуҷуд овард, акнун фурӯшанда ва харидор дар ҷои кории худ истода, ахбори пурраро оиди фурӯши мол, қабули фармоишот, вазъи фурӯшҳо ва дигар унсурҳои фаъолияти маркетингӣ саривақт мегиранд.

Дар чунин як шароит, менеҷерон системаи автоматии назоратро (САН) истифода мекунанд. Мувофиқи САН менеҷерон имкони пурраи назорат кардани фурӯше, ки дар ҳудуди онҳо мегузарад, ахбор оиди фурӯшанда ва харидорони дигар компанияҳо, ахбори ҷории фурӯш ва оиди мавҷудияти захираҳое, ки натиҷаи баландро соҳиб мегарданд, маълумот гирифта метавонанд.

  1. Системаи мушоҳидаи маркетингӣ. Дар баробари он, ки системаи ҳисоботии маркетингӣ амал мекунад, ҷараёни гузариши амалиётҳо дар асоси ташкили системаи мушоҳидавии маркетинг ва тартиботи кулли сарчашмаҳои ахборӣ ва гирифтани он, бо мақсади назорати вазъи ҷории амалиётҳо дар бозор ташкил карда мешавад.

Барои он ки системаи мушоҳидавии маркетинг хуб ба роҳ монда шавад, ташкилоти нағз идорашаванда, чорабиниҳои зеринро бояд, ки гузаронанд:

  1. Омӯзиш ва ҳавасмандии шахсоне, ки ба фурӯш сарукор доранд, оид ба тағйиротҳои бозор, хусусиятҳои он ба пешниҳоди ахбор ба бозоршиносони корхонаҳо, фурӯшандаҳо ва агентҳои тиҷоратӣ — «чашму гӯши» ташкилот мебошанд ва имкони хеле васеъ барои ҷамъи ахбор доранд, ки дигарон гирифта наметавонанд.
  2. Ташкилоти рақобатнок коргарони худ, тоҷирони чакана ва миёнаравонро имкон медиҳанд, ки камбудиҳоро гуфта диҳанд. Аксари ширкатҳо барои
пешина
аз 512
навбатӣ