Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Ояндабинии ҳаҷми фурӯши маҳсулоти корхона.
Таҳлили талаботҳо ва равишҳо дар макромуҳит. Шароити имрӯзаи инкишофи корхонаҳо ва хусусияти хоси бозор, равиши босуръати инкишофи рушди илмию техникӣ, моро маҷбур месозад, ки ба муҳити макромаркетингӣ диққат диҳем.
Мутахассисон муайян намудаанд, ки дар шароити имрӯзаи инкишоф равишҳои зерини макромуҳит амал мекунанд:
-
Инкишофи босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ.
-
Тавлидёбии санъати нави хоҷагидорӣ.
-
Сотсиализм ба бозори озод.
-
Глобализатсияи услуби зиндагӣ ва миллигардонии маданӣ.
-
Инфиродӣ шудани мафҳуми боигарӣ.
-
Инкишофи давлатҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором.
-
Давраи пешвоии занҳо.
-
Адолати биологӣ.
-
Инкишофи дин.
-
Инкишофи шахсиятҳо.
Даҳ равияе, дар боло номбар кардем бояд, ки диққати маркетингологҳоро ба худ ҷалб намоянд.
Дар чунин як шароит ташкилот бояд, ки мониторинги шаш омилҳои асосиро гузаронад.
❖ муҳити демографӣ;
❖ муҳити табиӣ;
❖ муҳити иқтисодӣ;
❖ муҳити технологӣ;
❖ муҳити сиёсӣ;
❖ муҳити иҷтимоӣ.
Максади асосии маркетинг таъмин намудани зарурият ва талаботи истеъмолкунанда мебошад. Рафтори истеъмолкунанда ҳамчун соҳаи маркетинг омӯзиши интихоби мол, хизматҳо, ақидаҳо, ё ки баҳо додани аҳудкунӣ ва истифодабарии харидорони алоҳида, гурӯҳҳо ва ташкилотҳо мебошад, ки барои қаноатмандгардонии зарурияти худ истифода мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё