Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шароити бозор амал бикунанд. Бинобар ин, дар шароити ҳозира менеҷер бояд шаш сифати асосиро дошта бошад:

  1. Унсури зарурӣ — тасаввур карда тавонистан. Агар масъалаи асосӣ чизе сохтан, ташкил кардан, ё аз байн бурдан бошад, он гоҳ роҳбарро зарур аст, ба таври мушаххас тасаввур намояд, ки ин амал дар охир чӣ гуна натиҷа медиҳад.

  2. Дониши зарурӣ доштан. Барои роҳбар маҳз дониши мустаҳкам зарур аст. Бояд роҳбар, менеҷер донад, ки чӣ тарз ҳарф мезанад ва дар бораи чӣ сухан меравад.

  3. Иҷро карда тавонистан, ё маҳорату санъат. Усто корро чолокона ба зудӣ ва хеле ҳам босифат иҷро мекунад. Шахсе, ки қобилият, маҳорату санъати хуби кордонӣ дорад, бо хароҷоти ками пулию молӣ ва вақти начандон зиёд аз ӯҳдаи иҷрои кор мебарояд. Дар ин ҳолат коргар вобаста аз рӯи қобилият, имконият ва кордониву таҷрибаи худ вазифаи муайяне гирифта, онро ба субут мерасонад. Дар ҷаҳон нобиғаҳо ба дунё меоянд, вале ниҳоят каму ангуштшуморанд.

  4. Сифати устувор — дорои хислатҳои қотеъонаи амал кардан ва ҳал кардан - ин сифати менеҷер ба 3 қисм ҷудо мешавад: 1. Бояд донад, ки вазифаи дар пеши одамон мондаро ба воситаи кадом қувва иҷро менамояд. 2. Боварӣ ба муваффақият. 3. Имкону захира барои иҷрои ин вазифа.

  5. Раҳмдил набудан - менеҷер бояд нисбат ба танбалому коргурезон ва ҳаромкорон раҳмдил набусад. Вагарна тамоми вазнинии кор ба дӯши коргарони оддӣ меафтад.

  6. Диққатҷалбкунанда - менеҷер барои дигарон бояд пеш аз ҳама ҳамчун оҳанрабо бошад. Дар ҳама гуна шароит мувозинатро нигоҳ дорад. Дар набуданаш танҳо аз хусуси кору гуфтору рафтори хуб ва кордонии ӯ сухан гӯянд.

Роҳбари қобилиятнок доимо ҳамаи он захира ва воситаҳое, ки дар даст дорад, ба манфиати корхонаю коллектив истифода мекунад. Ба ин васила агар, аз як тараф, обрӯй гирад, аз ҷониби дигар, корхонааш мустаҳкаму даромаднок гардида, кораш пешрав мешавад. Ҳангоми бо мардум ва молу мавод сару кор доштан ҳамеша ба он тайёр бошад, ки ба ҳама гуна саволҳо ҷавоб гардонад.

пешина
аз 512
навбатӣ