Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Менеҷере, ки қобилияти пешбинӣ карданро дорад, дорои қувваи бузурге мебошад. Агар ӯ сари вақт аз уҳдаи ин кор баромада тавонад, ин амал аз фоида холӣ нест. Вале ин ҷо як нуқтаи дигар аст. Шахсоне, ки бо амалия сару кор доранд ва ашхосе, ки пешбинӣ мекунанд, бо якдигар ягон вақт ҳамкорӣ карда наметавонанд. Яке тамоми умр барои зиндагии худ кор мекунад, дигаре тамоми умр аз норасоии рӯзгораш танқисӣ мекашад.
Вале нобиға акси ин ҳардуст. Нобиға шахсе мебошад, ки дорои ин ду хислат мебошад. Ҳам пешбин асту ҳам тарз ва роҳҳои ба ин мақсад расиданро медонад, муфидтараш аз уҳдаи иҷрои он мебарояд. Чунин ашхос дар истеҳсолот, бахусус дар ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Хулоса, ҳар роҳбар, барои он ки қобилият ва рафти иҷрои кори худро дарк намояд, ҳамеша ба худ савол гузорад, ки «Ман кистам?» Баъди ҷавоби саҳеҳу муфассал ба ин савол метавонад кори худро созмон бидиҳад. Чуноне ки Умари Хайём дар асари бузурги худ «Наврӯзнома» навиштааст: «Маро душманонам файласуф мегӯянд. Аммо, Худо мебинад, ки онҳо хато мегӯянд, ҳатто маълум нест, ки ман кистам ва барои чӣ ин ҷой ҳастам»1.
16.6. Саволҳои санҷишӣ
- Вазифа ва мақоми менеҷер дар корхона аз чӣ иборат аст?
- Менеҷер кист? Назарияи А. Файол оид ба функцияҳои асосии менеҷер.
- Кадом рафторҳои асосиро бояд менеҷер дошта бошад?
- Рафтори менеҷерро дар истеҳсолот, дар вохӯрӣ ва сухангӯӣ шарҳ диҳед.
- Меҳнати фикрӣ ва мақоми онро дар корхона шарҳ диҳед.
- Алоқамандии намуди зоҳирӣ ва самаранокии кори менеҷментро дар чӣ мебинед?
- Худшиносӣ гуфта чиро мегӯянд?
1 У. Хайём. Наврӯзнома. - г. Ашгабат, Из-во Туран-1. 1994, С.14.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё