Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Ҷорӣ кардани навовариҳое, ки талаботҳоро ба хизматрасонӣ кам мекунанд. Масалан телевизион, аксари фаъолиятҳои берун аз хонаро кам кардааст, ё худ истеҳсоли куртае, ки умуман зарурати дарэмолро надорад.

  2. Баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, ташкили амбулаторияҳо барои кам кардани тамокукашӣ, майнӯшӣ ва машваратҳо барои зиндагии хуб.

  3. Пайдо кардани худхизматрасонӣ дар истеъмолкунандаҳо.

  4. Истифодаи технологияи нав - истифодаи технологияи нав дар соҳаи моддӣ имкон медиҳад, ки одамон вақташонро дар истеҳсолот сарфа карда, онро дар соҳаҳои хизматрасонӣ истифода намоянд. Ташкилотҳо истифода аз интернет вақти худро оиди кофтукови ахбор, харидорон ва дигар арзишҳо сарфа мекунад.

Истифодаи технологияи нав имкон медиҳад, ки самаранокии коргарони соҳаи хизматрасонӣ баланд бардошта шавад.

Менеҷменти корхона бояд чорабиниҳои оиди баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнатро дар зери назорати худ дорад, то ки онҳо ба паст шудани сифати хизматрасонӣ оварда нарасонанд.

Солҳои охир стратегияи нави маркетингии хизматрасонӣ баъди фурӯши мол ҷорӣ шуда истодааст, яъне то хона бурда расонидан, омӯзонидани истифодабарӣ, таъмир, кафолат, иваз кардан ва ғайра ба ин шомил аст.

Стратегияи нархгузории маркетинг. Аксари ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ барои молҳо ва хизматҳои худ нарх мегузоранд. Нархҳо номҳои гуногун доранд, онҳо пурра моро иҳота кардаанд. Нархи билети тайёра, қатора, автобус, таксӣ, меҳмонхона, таълим, музди хизмат ва ғайра.

Дар давоми ҳазорсолаҳо, нархҳо дар натиҷаи савдои байни харидору фурӯшанда муайян шудаанд. Муайян кардани нархи умумӣ барои аксари харидорон дар садсолаҳои охир, дар натиҷаи пайдоиши системаи хизматрасонии мағозаҳо ва савдои закана пайдо гаштааст. Пайдоиши Интернет бошад дар таърихи нарх такони калоне дод, ки дар натиҷа имрӯз менеҷерон дар як лаҳза нархи тамоми молҳоро, дар тамоми гӯшаю канори дунё метавонанд, ки фаҳманд.

Дар шакли анъанавӣ нарх ҳамчун заифсозандаи интихоби харидор буда, то имрӯз дар аксари давлатҳои рӯбатараққиниҳода ва қашшоқ, ин функцияи

пешина
аз 512
навбатӣ