Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Стратегияҳое, ки дар боло номбар шудаанд дар давраҳои муайян истифода карда мешаванд:
-
Масъалагузории нарх
-
Муайян кардани талабот
-
Баҳодиҳии хароҷотҳо
-
Таҳлили хароҷотҳо, нархҳо
ва таклифоти рақибон -
Интихоби усули нархгузорӣ
-
Пурра муайян кардани нарх
Расми 15. Давраҳои амалӣ гардонидани сиёсати нархгузорӣ.
Пеш аз ҳама менеҷменти корхона қарори мавқеиро оид ба таклифоти бозор бояд қабул намояд. Ҳар қадар ки вазифаҳои корхона аниқ муайян карда мешаванд, ҳамон қадар муайян кардани нарх осон мегардад.
Аслан корхонаҳо вазифаҳои асосии зерини маркетингиро муайян месозанд:
зинда мондан дар шароити рақобати бозор;
фоидаи баланд гирифтан;
даромади ҷории баланд гирифтан;
ноил гаштан ба ҳаҷми фурӯши баланд;
ҳарчӣ зиёд бозорро забт кардан;
пешво будан оид ба «нарх-сифат».
Ҳар як моҳияти нарх ба дараҷаи муайяни талабот бояд мувофиқат намояд. Хоҳ нохоҳ ҳангоми тағйир ёфтани кор талабот низ тағйир меёбад ва баръакс ҳангоми тағйир ёфтани талабот нарх низ бояд тағйир ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё