Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Асосан ҳашт давраи коркарди барномаи коммуникатсионӣ муайян шудааст:

  1. Муайян кардани мақсади атрофиён.
  2. Ташаккули мақсади коммуникатсионӣ.
  3. Ташкили муроҷиатҳо.
  4. Интихоби маҷрои коммуникатсия.
  5. Муайян кардани буҷаи умумии коммуникатсионӣ.
  6. Қабули қарори коммуникатсияи хизматрасонӣ.
  7. Баҳои натиҷаи коммуникатсия.
  8. Идоракунии ҷараёни коммуникатсияи маркетингӣ.

Коркард ва идоракунии барномаи реклама.

Реклама — шакли конкретии пешниҳоди ғайринақдии ақоид, хизматҳо ва молҳое мебошад, ки пардохт карда мешаванд.

Ҳангоми коркарди барномаи реклама менеҷерон оид ба маркетинги корхона, пеш аз ҳама бозорҳои мақсаднок ва мотивсияи харидоронро муайян месозанд. Баъд аз он ба панҷ саволе, ки мазмуни рекламаро дар худ доранд ҷавоб мегӯянд:

  1. Миссия. Вазифаи ташкилоти рекламавӣ аз чӣ иборат аст?

  2. Пул. Кадом миқдор пул талаб доранд?

  3. Ахбор. Кадом муроҷиати рекламавӣ ба истеъмолкунанда зарур аст?

  4. Восита. Кадом воситаро бояд истифода кард?

  5. Ченак. Натоиҷи кори иттиҳодияи рекламавӣ чӣ хел баҳо дода мешавад?

Имконоти ҷавобҳоро ба ин саволҳо аз рӯи расми 16 дидан мумкин аст.

Вазифаҳои реклама:

  1. Рекламаи ахборотӣ.

  2. Рекламаи боваркунонӣ.

  3. Рекламаи огоҳкунанда.

Ҳангоми интихоби вазифаҳои реклама бояд, ки аз таҳлили ҳолатҳои ҷории бозор баҳо диҳем. Яъне вобаста аз он, ки ширкат дар бозор кадом мавқеъро дорад, мазмуни реклама низ ба он бояд равона шуда бошад.

пешина
аз 512
навбатӣ