Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

рақобатро зиёд намуда, дар муҳити бозор, моҳияти сифати маҳсулотро баланд бардоштааст.

Аз солҳои 70-уми асри XX сар карда, истеҳсолоти ҷаҳонии пешқадам аз усули умумии ҳаҷми истеҳсолот даст кашида, ба шакли хурд гузаштааст.
Ба шароити нав тез мутобиқ шудани корхона талаботро ба мутахассисони дорои донишҳои баланди касбӣ, омӯзиши ботаннафуси коргарон дар онҳо инкишоф додани қобилияти эҷодӣ ва навкунии дониш зиёд намуд.

  1. Тағйир ёфтани шакли ташкили меҳнат ва дигар кардани сохтори корхонаҳо дар асоси шаклҳои коллективии фаъолият аз коргар ҷавобгарии калон талаб намуда, бисёрфункционалӣ, масъулият ва ҳавасмандии зиёдро тақозо мекунад. Чунин коргар мувофиқи назарияи классикии Тейлор дар ташкили меҳнат нақши «Чархак»-ро мебозад, то ки иҷрои механизми корро мувофиқ намояд. Дар замони ҳозира шахсияти типи нав инкишофёфта, доимо ҳаракати шарики баробарҳуқуқ шуданро дорад ва мехоҳад, ки қисме аз моликияти корхонаро низ дошта бошад.

  2. Идоракунии захираҳои башарӣ объекти омӯзиши назарияи идоракунӣ, инчунин илмҳои байнисоҳавии иқтисодиёт, ҳуқуқ, психология, сотсиология, физиология, информатика, муҷарридошиносӣ, этика, эргономика ва ғайра гаштааст.

  3. Дар менеҷменти кормандон дигаргунии куллиро модели ҷопонии идоракунӣ дохил намуд, ки аз қисмҳои зерин иборат мебошанд:

  • диққати ҳамаҷониба ба коргарон — қисми асосии ҷудонашавандаи
    идоракунӣ;

  • кирояи якумраи коргарон ва хизматчиён;

  • пешравии шахсӣ аз рӯи қоидаи аз хурд ба калон;

  • тайёр кардани шакли нақшавии мутахассисон бо роҳи иваз кардани
    фаъолият;

  • арзишҳои коллективии баланди меҳнатӣ;

  • усули гурӯҳии қабули қарор;

  • нишонагирӣ ба сифат;

  • мубодилаи пурсамар;

  • инкишофи системаи иҷтимоии хизматрасонӣ ва имтиёзҳо;

  • системаи музди меҳнат вобаста аз собиқаи корӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ